Таҷовуз ба як турист дар минибусе дар Бразил

  • 1 Апрел, 2013
Image caption Пулиси Бразил ахиран талош кардааст ҷароимро коҳиш диҳад

Пулис дар Бразил мегӯяд як зани турист дар минибусе дар шаҳри Риу-де-Жонейру мавриди таҷовуз қарор гирифтааст.

Пулис ронандаи минибус ва як марди дигарро дастгир кардааст.

Зани турист ба ҳамроҳи дӯстписараш дар минибусе дар шаҳри Риу сафар мекарданд, ки ронанда аз мусофирон мехоҳад хориҷ шаванд ва худравро ба навоҳие хориҷ аз шаҳр мебарад.

Баъд аз хуруҷи минибус аз шаҳр, зани турист мавриди таҷовуз қарор мегирад.

Мутаҷовизин ба дастҳои дӯстписари ӯ дастбанд зада ва вайро башиддат мавриди зарбу шатм қарор доданд.

Бар асоси гузоришҳои пулис, мазнунон сипас аз ин ду нафар хостаанд бо кортҳои эътиборӣ харид карда ва аз дастгоҳҳои худпардоз пул бардошт кунанд.

Сипас ин ду турист дар шаҳре дар наздикии Риу раҳо шудаанд.

Пулис соъате баъд ду нафар мазнунро дастгир кардааст.

Акнун пулис ба дунболи фарди севумӣ аст, ки гуфта мешавад дар моҷаро даст доштааст.

Пулис мегӯяд ду мазнун бо фарди севум аз тариқи телефуни ҳамроҳ тамос гирифта ва вай низ савори минибус шуда ва ба зани турист таҷовуз кардааст.

Мушаххасоти ду фарди турист мунташир нашудааст.

Дуздӣ дар утубусҳои Риу-де-Жонейру ва дигар шаҳрҳои бузурги Брозил ғайримаъмул нест, аммо шиддати хушунат дар моҷарои ахир таъаҷҷуби расонаҳои маҳаллиро барангехтааст.

Қарор аст Бразил соли оянда мизбони бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонӣ бошад.

Ҳамин кишвар се соли дигар бозиҳои Улампики соли 2016-ро мизбонӣ хоҳад кард.

Коҳиши ҷароим яке аз бузургтарин дағдағаҳои мақомҳои бразилӣ пеш аз баргузориии ин бозиҳост.

Матолиби муртабит