Бисту ду сол зиндон барои таҷовузи духтархонд дар Хатлон

Додгоҳи вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон ахиран сокини рустои Зарбори шаҳри Кӯлобро дар таҷовузи духтархондаш муҷрим шинохта ва барои 22-сол ба зиндони низомаш сангин фирстод.
Пас аз содир шудани ин ҳукм Хусрав Шарипов, ки дар таҷовуз ба номус муҷрим шинохта шуд ҳақ дошт то даҳ рӯз алайҳи ин ҳукм ба додгоҳи истинофӣ шикоят бибарад, аммо ӯ ин корро накард.
Қозии додгоҳи Хатлон Хусрав Шариповро, ки 36 сол дорад бар асоси моддаҳои 109, қисми 2 ва 138, қисми 3-и қонуни ҷазои Тоҷикистон, таҷовузи мукаррар ба номуси духтари ноболиғ ва таҳрик ба худкушӣ гунаҳкор шинохт.
Тавре, ки дар ҷараёни муҳокима гуфта шуд, оқои Шарипов аз соли 2001 аз нотавонии Мавлуда Каримова, шогирди клоси 4-уми мадраса суистифода бурда ва ӯро борҳо таҷовуз кардааст ва то соли 2013 ӯро ба робитаи ҷинсӣ водор месохтааст.
Ин қазия танҳо баъд аз худкушии Мавлуда ва номаҳои вопасини вай ошкор шуд.
Сокинони рустои Зарбдори шаҳри Кӯлоб гуфтанд, ки Шарипов Мавлуда Каримоваро дар кӯдакӣ ҳамчун духтархони худ пазируфта буд.
Додгоҳ собит кард, ки Мавлудаи ноболиғ аз тарси таҳдидҳои падархонд ва доғи нанг ба касе дар бораи ин ҷиноят нагуфта буд. Мавлуда дар номаи вопасин ба дӯстписараш навишта, ки "нахостааст, худашро шармсори мардум кунад ва аз ин рӯ хӯдкӯшӣ мекунад."
Мавлуда Каримова моҳи май соли ҷорӣ қабл аз он ки худро фалақ кашид, ба модар ва дӯстписараш дар мавриди ин кирдорҳои падарандар нома навиштааст.
Номаҳои Мавлуда дар парванда ҳамчун мадрак сабт шудаанд. Мавлуда дар номаи ҷудогона аз модараш хостааст, ки духтаронашро ба духтархонӣ ба дигарон надиҳад ва зиндагии онҳоро шабеҳи зиндагии ӯ нагардонад.
Ҳамчунин собит шуд, ки Хусрав Шарипов ба Мавлуда рафтори дигари хушунатомез мекард ва аз ҷумла ба ӯ даст мебардоштааст. Музаффар Юсупов, раиси бахши бозҷӯйии ҷароими сангин дар додситонии вилояти Хатлон, гуфт, ки Мавлуда бар асари ин хушунатҳо даст ба худкушӣ задааст.
Ҳуқуқдонҳо бо ибрози нигаронӣ аз зиёд будани ҳодисаҳои мушобеҳ, яъне ба далели доғи нанг ба худкушӣ даст задани занону духтарон мегӯянд, ки таҷриба нишон дода, ки дарвоқеъ афроде, ки дар бораи хушунат ва таҷовуз ба додгоҳ шикоят мебаранд, умдатан метавонанд ба зиндагии нав ва маъмулӣ баргарданд.
Коршиносон мегӯянд, сабаби худдории қурбониён аз шикоят ба пулис он аст, ки дар ҷомеъаи суннатгароӣ Тоҷикистон қурбониёни таҷовуз ангуштнамо мешаванд. Бо ин вуҷуд чунин шикоятҳо ба пулис агарчанд банудрат, аммо ворид мешаванд.
Масалан дар моҳи августи соли ҷорӣ додситони ноҳияи Қумсангир бар асоси шикояти як духтари ҷавон алайҳи таҷовуз аз суи падараш, алайҳи марди 49 сола парвандаи ҷиноӣ боз карда ва барои муҳокима ба додгоҳи ноҳия фиристодааст. Ин парвавнда ҳанӯз дар дасти баррасии додгоҳ аст.
