Захмӣ шудани маҳбуси эронӣ дар зиндоне дар Тоҷикистон
Image copyrightBBC World ServiceЯк зиндонӣ, аз ҷумлаи атбоъи Эрон дар бемористони зиндони воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат дар 30-килуметрии шарқи шаҳри Душанбе бистарӣ шудааст.
Меҳдии Қанбарӣ, шаҳрванди 30-солаи Эрон баъд аз шиллики гулӯла ба ӯ бо вазъи вахим аз зиндони ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба ин бемористон мунтақил шудааст.
Ба гуфтаи як манбаъи огоҳ, оқои Қанбарӣ бояд тибқи қарордоди ду кишвар, чанде қабл бо шумули шаш табаъаи дигари Эрон аз зиндони Тоҷикистон ба ватанаш мунтақил мешуд, вале ду рӯзе қабл ӯ дар зиндони ноҳияи Ёвон ҷароҳати сангин гирифтааст.
Гуфта мешавад, ки шиллики гулӯла ба ин шаҳрванди эронӣ нооромиҳое низ дар зиндони ноҳияи Ёвонро дар пай доштааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, Меҳдии Қанбарӣ, ки барои нақзи муқаррароти гузар аз марзи Тоҷикистон маҳкум ба зиндон шудааст, аз эъмоли шиканҷа алайҳи худ дар зиндони ноҳияи Ёвон шикоят кардааст.
Баъд аз ироаи нома аз мақомоти баландпояи Эрон барои интиқоли ҳафт шаҳрванди Эрон аз зиндонҳо ба кишварашон, оқои Қанбарӣ дар феҳристи ин ҳафт нафар қарор гирифта буд.
Аз сӯйи дигар, бархе аз расонаҳо дар Тоҷикистон дар бораи кушта шудани оқои Қанбарӣ ба ҳангоми фирор аз зиндон аз гулӯлаи худкори Калашников иттилоъ пахш кардаанд.
Аммо масъулони Идораи умури зиндонҳои Вазорати додгустарии Тоҷикистон иттилоъ дар мавриди кушта шудани Меҳдии Қанбарӣ ва нооромиҳо дар зиндони Ёвонро такзиб кардаанд.
Баҳром Абдулҳақов, муъовини раиси ин идора, рӯзи душанбеи 19 май ба Би-би-сӣ гуфт, ки оқои Қанбарӣ кӯшиши фирор аз зиндон дар ноҳияи Ёвонро карда ва аз гулӯлаи муҳофизон захмӣ шудааст.
Оқои Абдулҳақов ҳамчунин гуфт: "Вазъи саломати ин маҳбус ҳоло хуб аст. Масъала дар мавриди интиқоли вай ва бархе аз шаҳрвандони дигари эронӣ, ки дар маҳбасҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд, дар ҳоли баррасӣ аст."
Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро зиндоние, ки қарор буд дар ояндаи наздик ба ватан интиқол ёбад, даст ба фирор, яъне як амали ғайримуҷоз занад? Зеро моддаи 365 қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне фирор аз маҳбас аз ду то панҷ сол маҳкумият ба зиндонро пешбинӣ кардааст.
Тибқи гузоришҳои расмӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон шуморе аз шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ба сар мебаранд, ки бештаре аз онҳоро додгоҳҳои мухталиф дар убури ғайриқонунӣ аз марз ва қочоқи маводди мухаддир муқассир дониста ба мӯҳлатҳои мухталиф равонаи зиндонҳо кардааст.
Масъулони Идораи умури зиндонҳо аз ироаи иттилоъ дар мавриди шумораи зиндониён, аз ҷумла шаҳрвандони Эрон дар зиндонҳои Тоҷикистон худдорӣ кардаанд, аммо тибқи иттилоъи ғайрирасмӣ дар ҳоли ҳозир беш аз даҳ нафар аз атбоъи Эрон дар зиндонҳои ин кишвар ба сар мебаранд.
