Вазъи саломати маҳбуси 'эронӣ' рӯ ба беҳбуд ниҳодааст
Image copyrightBBC World ServiceМасъулони идораи умури зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯянд, ки вазъи саломати Меҳдии Қанбарӣ, зиндонии осебдида дар зиндони Ёвон, рӯ ба беҳбуд ниҳодааст.
Оқои Қанбарӣ, ки гуфта мешавад 30 сол дошта ва худро эронӣ муъаррифӣ кардааст, баъд аз шиллики гулӯла чаҳор рӯз қабл бо вазъи вахиме аз зиндони ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба бемористон мунтақил шуд.
Масъулони идораи умури зиндонҳо гуфтаанд, ки оқои Қанбарӣ "кӯшиши фирор аз зиндонро карда ва аз гулӯлаи муҳофизон захмӣ шудааст."
Баҳром Абдулҳақов, муъовини раиси идораи умури зиндонҳо, рӯзи чаҳоршанбеи 21 май ба Би-би-сӣ гуфт, ки оқои Қанбарӣ дар бемористон амали ҷарроҳӣ шуда ва вазъи ӯ муътадил аст.
Ҳамчунин, оқои Абдулҳақов гуфт, ки оқои Қанбаӣ худро ба ҳамагон ба унвони як шаҳрванди эронӣ муъаррифӣ кардааст. Ин дар ҳолест, ки сафорати Эрон дар Тоҷикистон мегӯяд, ки Меҳдии Қанбарӣ шаҳрванди Эрон нест.
Вале ба гуфтаи иддае аз афроди наздик ба ӯ, оқои Қанбарӣ дар миёни дӯстонаш низ ба унвони эронӣ шинохта мешуд.
Меҳдии Қанбарӣ дар соли 2013 аз сӯйи додгоҳе дар Тоҷикистон ба иттиҳоми нақзи муқаррароти гузар аз марз барои се сол равонаи зиндон шуд. Бархе расонаҳо навиштаанд, ки ӯ мумкин аст табаъаи Афғонистон бошад.
Аммо масъулони бахши кунсулгарии сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон низ гуфтаанд исми Меҳдӣ Қанбарӣ дар феҳристи шаҳрвандони Афғонистоне, ки дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳастанд, вуҷуд надорад.
