Кумаки Маҳмуроди Одина ба зиндониён дар шаҳри Хуҷанд
Маҳмуроди Одина, раиси Кумисиюни мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон, миқдоре маводди ғизоӣ ва пӯшок ба маҳбусони як зиндон дар шаҳри Хуҷанд, дар шимоли ин кишвар, ироа додааст.
Дар ин бора худи оқои Одина ба Би-би-сӣ хабар дод. Вай гуфт рӯзи душанбеи 22 июл кумакҳои худро дар шаҳри Хуҷанд ба зиндониёни муассисаи ислоҳии шумораи 3/3, ки раисаш Диловар Арабов аст, таҳвил додааст.
Вай гуфт: "Ман аз ҳисоби худам як халта биринҷ, як халта мош, як халта перловка, як халта гречка (гандумсиёҳ), як халта наск, шаш дона тарбуз ва шаш дона харбуза, панҷ киу себу панҷ килу ангур, 15 килу зардолу, 20 дона нон, чанд дона попӯш, се дона шалвор, шаш курта ва чанд лавозими дигари мавриди ниёзи аввалияи зиндониён ба онҳо додам."
Оқои Одина афзуд, ки ӯ ва Раҳматилло Зойиров, ҳуқуқдон ва раҳбари ҳизби мухолифи сусиёл-демукрот, мехостанд барои зиндониён як зиёфати оши ифтор дар моҳи Рамазон ташкил кунанд, аммо бар асоси муқаррароти зиндон ин иқдом мамнӯъ буда ва масъулони зиндон иҷоза надодаанд.
Раиси Кумисиюни мубориза бо шиканҷа, ки як созмони ғайридавлатии мудофеъи ҳуқуқи башар аст, ҳамчунин гуфт, ки ӯ тавонистааст бо бархе аз зиндониён суҳбат кунад. Зиёндониён ба ӯ гуфтаанд, ки мавориди шиканҷа дар зиндон вуҷуд дорад ва ҳоло ба "дур аз чашми зиндониён, дар ҷойҳои махсус" сурат мегирад.
Гуруӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ҳамвора аз давлати Тоҷикистон хостаанд, ки ба эъмоли шиканҷа дар зиндонҳо поён диҳад, вале ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо, мақомот ин дархостҳоро нодида гирифтаанд.
