Боздиди Борунес Истерн аз ду зиндони Тоҷикистон
Image copyrightBBC World ServiceБорунес Вивиен Иcтерн (Vivienne Stern), узви маҷлиси аъёни Бритониё ва пажӯҳишгари умури зиндонҳо, дар чаҳорумин сафари худ аз ду муассисаи бастаи Тоҷикистон боздид кардааст.
Хонум Истерн гуфт, ки вай ин бор тавонистааст, ки аз ду муассиса - зиндони занон дар Норак ва маҳбасхона барои ноболиғон дар Тоҷикистон боздид карда ва бо вазъияти маҳбусон ошно шудааст.
Вай рӯзи чаҳоршанбеи 28 май дар ҳузури хабарнигорони Asia-Plus ва Би-би-сӣ гуфт, ки вазъи нигаҳдории занони зиндонӣ дар маҳбасхонаи Норак ризоятбахш будааст.
Хонуми Истерн гуфт: "Чизе ки ман дидам, як зиндони занона аз навъи клосик ва хосси Шӯравӣ буд. Ҳолати зоҳирии он хеле хуб аст. Ҳавои тоза, равшании зиёд, утоқҳои хоби васеъ ва муҳити зисти солим дар ин зиндон қобил таваҷҷуҳ аст. Вазъи занони зиндонӣ, ки модар шудаанд, низ хуб ба назар мерасад."
Аммо хонум Истерн мегӯяд, ки вай наметавонад дар мавриди бархӯрди хусусӣ бо ҳар яке аз ин занон ва дар мавриди ин ки чи фаъъолиятҳое барои омода кардани занони зиндонӣ барои бозгашт ба зиндагии маъмулӣ анҷом мешавад, иттилоъ диҳад. Зеро дар ин хусус вай аз ин муассиса иттилоъи дақиқе нагирифтааст.
Аммо хонум Истерн мегӯяд, чизе ки боъиси нигаронии ӯ баъд аз боздиди ин зиндон шуда, камбуди кормандони зан дар маҳбаси занон аст. Вай мегӯяд, ки ба мақомоти тоҷик машварат додааст, ки шумори кормандони зиндони занонро аз ҷумлаи занон ва духтарон афзоиш диҳанд.
Ӯ афзуд: "Дар ин бора мо бо Бахиёр Худоёрзода, намояндагони бахши ҳуқуқи порлумони Тоҷикистон суҳбат кардем ва ӯ гуфт, ки ин дуруст аст ва мо дар ин бора тадобире анҷом додем. Ман хушнуд ҳастам, ки давлати Тоҷикистон барои кор дар ин муассиса панҷ нафар аз духтаронро барои таҳсил ба Қазоқистон фиристода ва қарор аст онҳо базудӣ ба фаъъолият оғоз кунанд."
Хонум Истерн чаҳор сафари худ ба Тоҷикистонро дар панҷ соли ахир анҷом дода ва мегӯяд, ки сол то сол кор дар заминаи дарёфти иттилоъот ва боздид аз муассисоти бастаи Тоҷикистон барояш осон мешавад.
Вай зимни арзёбӣ аз вазъи маҳбас барои ноболиғон, вазъи ин муассисаро ризоятбахш хонд ва гуфт, ки аз он хушнуд будааст, ки шумори зиндониёни ноболиғ дар Тоҷикистон хеле кам аст.
Ин пажӯҳишгари маъруфи умури зиндонҳо ва системи додгустарии бритониёӣ дар ин сафари худ, ки беш аз як ҳафта тӯл кашид, ба ҷуз аз масъулони Вазорати додгустарии Тоҷикистон ҳамчунин бо намояндагони ҷомеъаи маданӣ, аъзои порлумон ва бархе аз аҳзоби сиёсӣ мулоқотҳое анҷом додааст.
Тибқи иттилоъи дафтари матбӯъотии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон хонум Истерн бо Саидумар Ҳусайнӣ, муъовини раҳбари ин ҳизб, низ мулоқот доштааст.
Дар иттилоъияи ин ҳизб омадааст: "Зимни суҳбат, масоили вобаста ба амнияти кишвар ва минтақа, фаъъолияти порлумони Тоҷикистон ва тақвияти муносиботи миёни порлумонҳои ду кишвар, фаъъолияти ҲНИТ дар кишвар ва бархӯрди давлат бо ин ҳизб ва фишор ва таъқиби аъзо ва ҷонибдорони он баррасӣ шуд."
Дар ҷараёни ин сафар, қарор буд, ки хонум Истерн ба шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, низ сафар кунад ва дар ин сафар бо вазъи боздоштгоҳи муваққатии ин минтақа ошно шавад ва аз бозори марзӣ дар ноҳияи Ишкошим дидан кунад.
Вале нооромиҳое, ки аз рӯзи 21 то 25 май дар ин шаҳр рух доданд, мӯҷиб шуд, ки хонум Истерн барномаи ин сафари худро лағв кунад.
Ҳадаф аз сафарҳои борунес Вивиен Истерн, ки пажӯҳишгари маъруф дар умури зиндонҳо ва системи додгустарӣ дар ҷаҳон аст, кумак ба арсаи адлияи Тоҷикистон аст. Вай ҳамзамон раҳбарии Анҷумани ҳамкорию дӯстии Бритониё ва Тоҷикистонро бар уҳда дорад.
Сафари ин мақоми бритониёӣ ба Тоҷикистон ва боздиди ӯ аз муассисоти бастаи ин кишвар дар ҳолест, ки тайи чанд соли ахир, намояндагони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар аз шиканҷа ва хушунат алайҳи маҳбусон дар бархе аз муассисоти бастаи ин кишвар ҳамвора интиқод мекунанд.
Марги чанд нафар аз зиндониён дар се соли ахир дар зиндонҳои Тоҷикистон низ мӯҷиби бурдани шикоёт алайҳи кормандони ин зиндонҳо ба ниҳодҳои интизомии ин кишвар шудааст.
Марги Ҳамза Икромзода дар соли 2012 дар зиндони шумори яки шаҳри Душанбе яке аз воқеъоте буд, ки дар тӯли як соли баъд аз он дар Тоҷикистон ба ҳодисае пурсару садо табдил ёфт. Ба дунболи ин воқеъа, як корманди ин зиндон дар сӯиистифода аз мақом муҷрим шинохта шуд ва барои панҷ сол равонаи зиндон шуд.
Ҳамчунин, чанде қабл Меҳдии Қанбарӣ, як зиндонии хориҷӣ дар зиндони ноҳияи Ёвон, аз сӯйи зиндонбонҳо захмӣ шуд. Масъулони идораи умури зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтанд, ки оқои Қанбарӣ кӯшиши фирор аз зиндонро карда ва посбонони зиндон водор ба шилики гулӯла шудаанд.
