Се зиндонӣ муттаҳам ба ташвиқи ҷавонон тундравӣ шуданд

  • 11 Июн, 2014

Додситонии вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон, мегӯяд, ки се маҳбус аз як зиндони ин вилоят чанд нафар аз ҷавонони маҳаллиро дар берун аз зиндон бо суҳбатҳои телефунӣ барои пайвастан ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрави теруристӣ ташвиқ кардаанд.

Ин се зиндонӣ ба ҷурми узвият ва ҳамдастӣ дар ҳизбу ҷараёнҳои мамнӯъ дар Тоҷикистон аз сӯйи додгоҳҳои мухталиф равонаи зиндон шуда буданд.

Анвар Назаров, ёвари додситони вилояти Хатлон, барои мухтал накардани ҷараёни таҳқиқи ин қазия аз ифшои ҳувияти маҳбусон худдорӣ кард, аммо гуфт, ки онҳо сокинони Тоҷикистон будаанд.

Оқои Назаров гуфт, ки суҳбатҳои телефунии се зиндонӣ, ки афроди дар озодӣ бударо ба ҳизбу гурӯҳҳои мамнӯъ даъват мекардаанд, аз сӯи кормандони Кумитеи амнияти миллӣ забт шудааст.

Ин дар ҳолест, ки суҳбати телефунӣ дар дохили зиндон, бахусус барои зиндониёне, ки дар муассисаҳои дорои низоми сангин адои ҷазо мекунанд, мамнӯъ будааст.

Бар асоси иттилоъи додситонии Хатлон, шуморе аз сокинони ин вилоят се ҷинояти дигареро дар хориҷ аз Тоҷикистон муртакиб шудаанд ва ҳоло беш аз даҳ сокини ин вилоят дар пайгарди қонунӣ қарор доранд, ки ба узвият дар Ҷунбиши исломии Узбакистон муттаҳам шудаанд.