Афроди бехонумон: "Моро ба буттаи фаромӯшӣ супоридаанд"
Image copyrightBBC World ServiceДар Тоҷикистон омори расмӣ дар мавриди афроди бехонумон ва ё ба истилоҳ “бомжҳо” вуҷуд надорад.
Аммо дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе бо чунин афрод метавон ҳамарӯза рӯбарӯ шуд ва ба гуфтаи иддае аз бехонумонҳо шумори онҳо ҳудудан то 400 нафар будааст.
Дар партовгоҳи ошғол дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе беш аз даҳ нафар аз афроди бехонумон гирдиҳам омада буданд.
Бархе аз онҳо машғули масрафи ғазои ҷамъовардаашон буданд ва як хонуми мусин дар бистаре дар назди ошғол худро ба патуи куҳна печонида гарм мекард.
Шабгузаронӣ дар хиёбонҳо
Зоҳиран ин макони зисти ин хонум буд ва иддае аз афроди ҷавонтар низ дар ин макон шабгузаронӣ мекарданд.
Вале дар фасли сармо, ки шабҳо шадидан сард мешаванд, дар чунин шароит чи тавр ин афрод дар фазои боз шаб хоҳад гузаронид?
Посух ба ин суолро аз яке аз афроди ҷавонтар ҷӯё шудам. Отабек мегуфт, ки дар фасли гармо ва сармо онҳо дар зери фазои боз шаб мегузаронанд.
Отабек мегӯяд: "Ман манзили маскунӣ дорам, вале бо бародарам даъво шудам ва ӯ маро аз манзил ронд. Ҳоло тавре ки мебинед дар хиёбон ба сар мебарем. Баъзан бо плостик ва ё патуҳое, ки аз дохили ошғол ҷамъ мекунем худро гарм мекунем."
Отабек тоҷик аст ва дар миёни афроди бехонумоне, ки бо онҳо суҳбат анҷом шуд, миллиятҳои мухталиф буданд. вале онҳо мегӯянд, ки бадбахтии муштарак ва мушкилоти зиндагӣ ҳамаи онҳоро ба як хонаводаи бузурге табдил додааст.
Ҳамсари Отабек ҳоло ҳомила буда ва ҳамроҳи ӯ дар хиёбон ба сар мебарад ва шабҳоро гоҳое дар биноҳои зеризаминии манозили баландошёна мегузаронанд ва гаҳ-гоҳе дар рӯи сандалии истгоҳҳои васоили мусофирбарӣ рӯз мекунанд.
Адами машоғил барои бехонумонҳо
Сарнавишти ҳамаи афроди бехонумон шабеҳи ҳамдигар будааст, якеро бо роҳи фиреб фарде барои гирифтани манзили маскуннӣ аз хона рондааст ва дигаре дар замони ҷангҳои дохилӣ аз манзилаш маҳрум шудааст.
Ҳамчунин иддаеро фарзандонашон ва ё яке аз пайвандонашон аз манзил берун кардаанд. Светлана Боровая, зани ҳудудан 50-сола низ аз ҷумлаи онҳоест, ки манзилашро бо чунин шева аз даст додааст.
Светлана мегӯяд, ки хеле мехостааст, ки шуғле дошта бошад ва аз ин тарқиқ сармоя барои даромади зиндагӣ ба даст орад.
Аммо ӯ афзуд: "Аммо дар вазъе ки мо қарор дорем, ҳеҷ кас ба мо кор намедиҳад. Тассавур кунед бо чунин афту-андом ва либосҳои дарида ва касиф шумо метавонистед барои мо коре диҳед? Албатта не ва ҳамин тавр ягон кордиҳанда ба мо бовар намекунад."
Наталя Адеева, бехонумони дигаре, ки дар рӯйи бистаре мехобид дар тақвияти суханони Светлана гуфт: "Мо ин партовгоҳро поксозӣ мекунем аз дохили он буталҳо ва плостик ҷамъ карда ва ба фурӯш мебарам. Аз ин пул барои худамон маводди ғазоӣ харидорӣ мекунем."
Хонум Адеева барои ҷурме мудадте маҳкум ба зиндон шудааст ва замоне ки ба озодӣ мебарояд дар манзилаш фарде бегона ба сар мебарад.
"Сипос ба мардуми оддӣ"
Снижана Шнайдер мегӯяд, ки миллаташ олмонӣ буда ва ӯ бо шавҳараш, ки корманди амниятии даврони Шӯравӣ будааст, дар ноҳияи Тавилдара дар шарқи Тоҷикистон ба сар мебурданд.
Ӯ афзуд: "Шавҳарамро дар аввоили солҳои 1990 ба қатл расониданд ва аз он замон саргардонии ман оғоз ёфт."
Холаи Синижана мегӯяд, ки бо гадоӣ дар хиёбонҳо рӯз мегузаронад ва агар кумаки мардуми оддӣ бароияш намебуд ӯ мудадтҳо қабл ҷони худро аз даст медод.
Хонум Шнайдер гуфт: "Сад сипос ба мардуме, ки бовуҷуди камбизоъатӣ ба мо як сомонӣ ва ё чанд дираме хайр мекунанд."
Снижана дар сандалии истгоҳ ба сар мебарад ва мегӯяд, ки аз зиндагӣ дар биноҳҳои зеризаминӣ бим дорад. Чанд соли қабл дар фасли сармо, замоне ки барфи шадид меборид бар асари сармозадагӣ аз пойҳояш маҳрум монд ва ҳоло бо вилчарх ҳаракат мекунад.
Фарзандони Снижана аз вай рӯ гардонида ва ба аёдаташ намеоянд ва ӯ бо гиря гуфт: “Вилчархи ман шикастааст ва ман имкони харидории вилчархи чадидро надорам.”
Вазъи салмотаи афроди вилгард
Снижана дар гузашта парастори бемористон будааст ва ҳоло бо гадоӣ умр ба сар мебарад ва ӯ гуфт, ки бехонумонҳои дигар аз ӯ муроқибат мекунанд.
Галина Корнеева дар гузашта дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон зиндагӣ мекард. Вай мегӯяд, ки шавҳараш дар замони ҷанги дохилӣ кушта шуд ва манзилашро афроди силоҳбадаст аз худ кардаанд.
Фарзандони хонум Корнеева дар Русия ба сар мебарад ва гаҳ-гоҳе барои вай пул барои гузарони зиндагӣ мефиристанд.
Вай дар манзили кироя ба сар мебарад, аммо бештари вақташро бо дӯстони дарбадараш мегузаронад.
Хонум Корнеева аз сарнавишташ гуфт: "Ба ман фарзандонам барои гузарнома пул фирситоданд, аммо дар ноҳияи Панҷ, ки ман зиндагӣ мекардам, гузарнома гирифта натавонистам."
Ин хонум мегӯяд, ки мушкилоти зиндагӣ, велгардӣ ва сармо бисёре аз афроди бехонумонро водор ба нӯшидани машрубот кардааст.
Хонум Корнеева ва дӯсти вай Людмила, ки низ бо роҳи фиреб манзилашро аз даст додааст, нахостанд ки чеҳраҳои онҳо дар акс маълум шаванд.
Онҳо мегӯянд, ки намехоҳанд фарзандонашон чеҳраи бемор ва аз сардӣ варамидаи онҳоро бибинанд.
Бо таваҷҷуҳ ба камбуди сармоя ин афрод аксаран машруботи бо кайфияти бадро менӯшанд ва дар натҷа ба бемориҳои мухталиф гирифтор мешаванд.
Ҳамаи афроди бехонумон мегӯянд, ки сарнавишти онҳоро дар ҷомеъаи кунунӣ дар Тоҷикистон ба буттаи фаромӯшӣ супуридаанд ва касе барои ин қишри ҷомеъа коре намекунад.
Бештари ин афрод орзу доранд, ки масъулони зидахл барои онҳо биноеро тахсис диҳанд то онҳо тавонанд ҳадди ақал дар фасли сармо дар он шустушӯ ва шабгузаронӣ кунанд.
Ба гуфтаи афроди огоҳ аз будубоши афроди бехонумон, ҳамасола дар фасли сармо то даҳ нафар аз ин қишри ҷомеъа ҷони худро аз даст медиҳанд, аммо омори расмӣ дар ин маврид вуҷуд надорад.
