Манзили беодрес ва сокинони сабтнашуда дар ҷануби Душанбе
Image copyrightBBC World ServiceҲангоме ки аз назди ин сохтмон рад мешавӣ, гумон мекунӣ, ки дар ин макон таҳияи филме сурат мегирад ва дар он аз зиндагии мардум дар як зоғанишин (харобот) ҳикоят мешавад.
Аммо замоне ки аз раҳгузарон дар бораи ин маҳал ва бошандагони он суол кардам, маълум шуд, ки дар ин макон иддае аз сокинон солиёни тӯлонӣ иқомат гузидаанд.
Ин сохтмон ё манзил нишонӣ ё суроғае надорад ва бошандагони манозили воқеъ дар он низ дар шаҳри Душанбе сабти ном нашудаанд. Ин макони харобобод дар наздикии “Шаҳраки низомӣ” (Военгородок) воқеъ дар хиёбони Ханжина (Гипрозем) дар шаҳри Душанбе воқеъ аст.
Бархе аз сокинони ин манозил дар пушти сохтмон барои худ утоқҳои дастшӯйиро бунёд кардаанд. Ҳатто дар фасли гармо иддае аз бошандагони манзил дар берун аз дохили утоқҳои он хоб мекунанд.
Суроға: Баракҳои мактаби 91
Бархе аз сокинони “Шаҳраки низомӣ”, аз ҷумла сокинони манозили баландтабақа дар ин минтақа ба суоли ман, ки дар утоқҳои ин манозил кӣ зиндагӣ мекунад, посух доданд, ки дар ин ҷо афроди “бехона” маскан гузидаанд.
Дарвоқеъ, суҳбат бо бошандагони ин утоқҳо, ки бештар ба анборҳои бозор шабеҳ ҳастанд, ҳокӣ аз ин буд, ки сокинони он афроди бидуни манзил буда ва аз манотиқи мухталифи кишвар, аз ҷумла Хатлону Бадахшон ва Рашту ноҳияи Хисору Рӯдакӣ ба Душанбе кӯч баста ва дар ин утоқҳо зоҳиран "худсарона" сокин шудаанд.
Дар авоили даҳаи 1990 аз ин утоқҳо ба унвони дуконҳои фурӯши маводди ғизоӣ ва коло истифода мешуд. Вале ҳоло ин дуконҳо, ки ба манозили маскунӣ табил шудаанд, соҳиб ва суроға надоштаанд.
Ҳарчанд бархе аз бошандагони он мегӯянд, ки замони мушаххас кардани макони зисти худ ба дӯстон нишонаи “баракҳои (кулбаи муваққатӣ) мактаби 91”-ро медиҳанд.
Тоҷинисо, як зан аз ҷумлаи бошандагони ин сохтмон, мегӯяд дар сурате ки онҳо мариз шаванд, намедонанд, ки ба кадом дармонгоҳ муроҷеъа кунанд. Вай гуфт, ки борҳо барои дарёфти манзил ва ё хобгоҳе ба ниҳодҳои зидахл номаҳо фиристода, аммо то ҳол ин номаҳои ӯ беҷавоб мондаанд.
Тоҷинисо мегӯяд: “Ин утоқҳо панҷара надоранд ва ман рӯзона дарро боз мемонам, ки каме ҳавои соф ба манзил дарояд, то духтару набераам хуб хоб раванд.”
Гулина исми зани дигарест, ки дар ду утоқи ин макон бо чаҳор нафар аз аъзои хонаводааш, аз ҷумла кӯдакон, ба сар мебарад. Ӯ мегӯяд, ки шавҳараш маълул аст ва ӯ танҳо ноновари хонавода мебошад.
Майсара 15 сол аст, ки дар ин макон зиндагӣ мекунад. Вай мегӯяд, ки аз Бадахшон ба шаҳри Душанбе омадааст. Майсара афзуд: “Ман дар ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон низ манзили маскунӣ надоштам ва маҷбур шудам, ки ба Душанбе биёям.”
Аксари ин афрод ҷои корӣ доимӣ дар пойтахти Тоҷикистон надоранд ва бо иҷрои ба истилоҳ корҳои сиёҳе даромади андаке барои гузарони рӯзгорашон ба даст меоранд.
Умед ба шаҳрдорӣ
Майсара гуфт, ки дар тӯли зиндагӣ дар ин макон чаҳор нафар аз кӯдакони зери синни яксолааш бар асари сардӣ ва набуди шароити беҳдорӣ ҷон додаанд.
Вай мегӯяд: “Ман шавҳарам ва се кӯдакам дар як утоқ ба сар мебарем. Фардо писаронам бузург шаванд, ман намегузорам, ки онҳо дар артиш хидмат кунанд, зеро ин давлат барои ман ҳеҷ коре накардааст.”
Мижгона мегӯяд, ки бо се фарзанд дар ин макон зиндагӣ мекунад ва об барои шустушӯйи кӯдакону омода кардани ғизоро аз ҷойи дур ба манзил мекашонанд.
Ҳамаи ҳамсуҳбатони ман гуфтанд, ки танҳо умеди онҳо ба Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, аст. Онҳо мегӯянд хоҳони онанд, ки шаҳдор барои онҳо макони беҳтаре ва ё хобгоҳе ихтисос бидиҳад.
Аммо масъулони шаҳрдории Душанбе мегӯянд, ки тавзеъи манзили маскунӣ тибқи навбат танҳо ба он идда аз сокинони пойтахти Тоҷикистон дода мешавад, ки дар ин шаҳр расман ном сабт шудаанд.
Абдукарим Абдураҳимов, раҳбари бахши тавзеъи манзил дар шаҳрдории Душанбе, мегӯяд, ки дар даврони истиқлол аз будҷеи шаҳрдорӣ беш аз ду ҳазор опортумон дар пойтахти Тоҷикистон бунёд шудааст.
Вале вай афзуд, ки ин манозил барои сокиноне тавзеъ шудаанд, ки манозили онҳо тибқи тарҳи бунёди таъсисоти зарурӣ барои шаҳр тахриб шуда буд.
Оқои Абдураҳимов гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе беш аз ҳашт ҳазор хонаводаи ниёзманд ба беҳбуди шароити зист дар навбати дарёфти манзил ҳастанд.
Вай мегӯяд: "Вале тибқи қонуни мавҷуда дар Тоҷикистон сокинони эҳтиёҷманди беҳбуди шароити зист дар Душанбе номнавис шуда ва дар феҳристе аз рӯи навбат ҷо дода шудаанд. Замоне, ки шаҳрдорӣ манозили маскуниро бунёд мекунад, оҳиста-оҳиста ба ин сокинон манозиле бо шароити беҳтареро медиҳад.”
Ҳоло танҳо ширкатҳои хусусӣ ба бунёди манозили маскунӣ дар шаҳр машғул ҳастанд, ки ин манозилро ба мардум ба фурӯш мерасонанд.
Вале оқои Абдураҳимов мегӯяд, ки ин ниҳод дар оянда бо дарёфти сармояи зарурӣ ба бунёди манозили шаҳрӣ барои эҳтиёҷмандон хоҳад пардохт.
Аммо ӯ мегӯяд, ки дар навбати дарёфти манозил танҳо он идда аз сокинони шаҳр номнавис шудаанд, ки расман дар шаҳри Душанбе сабт шудаанд.
Кӯдакони бемадрак
Пӯлод Сияков, масъули бахши ноболиғон дар ҳукумати ноҳияи Сино, мегӯяд, ки бо сокинони ба истилоҳ “кулбаҳои муваққатии” воқеъ дар хиёбони Гипроземи шаҳри Душанбе масъалаи кӯдакони онҳо ва ба таҳсил фаро гирифтани ин кӯдаконро дар миён гузоштааст.
Оқои Сияков мегӯяд: “Аксари ин кӯдакон ҳатто мадрак надоранд ва бисёре аз онҳо дар мактаб намехонанд. Дар ин макон ҳатто модаре мехост духтари 15-солаи худро ба шавҳар диҳад, вале мо бамаврид аз ин иқдом ҷилавгирӣ кардем. Шароити зиндагии ин афрод бад аст ва онҳо ниёз ба таваҷҷуҳ доранд.”
Оқои Сияков мегӯяд, ки бояд ниҳоде дар шаҳри Душанбе ба сарнавишти ин афрод аҳаммият диҳад, зеро ин кӯдакон дар оянда бесавод хоҳанд монд.
Аз сӯйи дигар, тибқи Барномаи тавсеъа ва бозсозии шаҳри Душанбе замине, ки утоқҳои зисти ин афрод дар он воқеъ шуда, барои бунёди манозили бисёртабақа дар ояндаи наздик дар назар гирифта шудааст.
Пас суоли матраҳ ин аст, ки дар ин сурат 12 хонаводаи маскун дар ин утоқҳо ба куҷо хоҳанд рафт? Зеро онҳо расман дар Душанбе сабти ном нашудаанд ва ҳаққи дарёфти манзилро надоштаанд, ҳарчанд иддаи зиёде аз онҳо аз даҳ сол пеш бад-ин сӯ дар ин шаҳр зиндагӣ мекунанд.
Ҳамаи бошандагони ин макон аз ҷумлаи афроди камбизоъат ҳастанд ва қудрати харидории манзили маскунӣ дар пойтахт ва манотиқи дигари Тоҷикистонро надоранд.
