Интишори барномаи таҷлил аз Наврӯз дар шаҳри Душанбе

  • 6 Март, 2014
НаврӯзImage copyrightBBC World Service
Image caption Маъмулан барномаҳои наврӯзии солҳои ахир бо ҳам тафовути чандоне надоштаанд

Шаҳрдории Душанбе барномаи таҷлил аз ҷашни Наврӯз дар пойтахти Тоҷикистонро интишор додааст, ки тибқи он наврӯзи имсол бо раҳпаймоии сокинони чаҳор ноҳияи шаҳр аз поркҳо ва пайвастану таҷаммӯъи онҳо дар Наврӯзгоҳ оғоз хоҳад шуд.

Тибқи мусаввабаи шаҳрдории Душанбе, субҳи рӯзи 21 март ин маросим бо оташбозӣ дар порки Ғалабаи шаҳр шурӯъ шуда ва таҷлил аз Наврӯзи байналмилалӣ бо барномаҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ ҳамроҳ хоҳад буд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, рӯзи сешанбеи 4 март бо интишори мусаввабае вижа дастур дода, ки дар Наврӯзгоҳи шаҳр барномаи фарҳангӣ ва теотрии вижае доир шавад.

Ҳамзамон, бар асоси ин санад, дар боғҳои мавсум ба “Ирам”, “800-солагии Маскав”, “Кӯли ҷавонон” ва “Дӯстии халқҳо” барномаҳои ҳунарӣ ва варзишӣ дар назар гирифта шудааст.

Дар ин рӯз дар майдони Наврӯзгоҳ ба расми таҷлил аз Наврӯз дар даврони қадим ҳафт ташт барои оташкада ва ҳафт миҷмар барои сипанд гузошта хоҳад шуд ва ороиши тахти Ҷамшед, ки дар Наврӯзгоҳ бунёд шуда буд, бо рамзҳои наврӯзӣ ва сӯзаниҳои миллӣ пешбинӣ шудааст.

Дар Наврӯзгоҳ мусобиқоти варзишӣ, аз ҷумла куштии миллӣ, доир мешавад ва дар он варзишгарон аз сартосари Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.

Дар яке аз рӯзҳои таътили наврӯзӣ дар Наврӯзгоҳ мусобиқи асбдавонӣ низ баргузор мешавад ва варзишгарони пирӯз дар ин мусобиқот бо армуғонҳои вижаи наврӯзӣ қадр хоҳанд шуд.

Дар чорчӯби барномаҳои наврӯзӣ, ҳамчунин таъсиси намоишгоҳҳои “ҳафтсин” ва “ҳафтшин”, намоишгоҳи кутуб, созҳои мусиқӣ ва намоиши ҳунарҳои дастии мардумӣ дар назар гирифта шудааст. Маъмулан барномаҳои наврӯзии солҳои ахир дар Тоҷикистон бо ҳам тафовути чандоне надоранд ва барномаҳои ҳунариии онҳо низ якранг мебошанд.

Оқои Убайдуллоев аз масъулони шаҳрдорӣ давъат кардааст, ки таҷлил аз Наврӯзи байналмилалӣ дар чорчӯби қонуни мавҷуда дар Тоҷикистон ва бо назардошти сунан ва расмҳои миллӣ доир шавад.

Вай масъулони чаҳор ноҳияи пойтахти Тоҷикистонро муваззаф кардааст, ки то рӯзи 19 марти солӣ ҷорӣ, хиёбонҳои шаҳрро бо шиъорҳои наврӯзӣ оро диҳанд ва барои поксозии атроф саҳм бигиранд.

Ҳамчунин оқои Убайдуллоев масъулони умури дохила ва кормандони амнияти шаҳри Душанберо муваззаф сохтааст, то барои таъмини амнияти сокинон дар ин рӯз тадобире иттихоз кунанд.

Дар баробари ин, шаҳрдори Душанбе аз масъулони зидахл дархости таъмини нерӯи барқ дар макони баргузории маросими наврӯзиро карда ва хостори он шудааст, ки дар макони таҷаммӯъи мардум барои таъмини амният кормандони оташнишонӣ ва арсаи беҳдошт фаъъол бошанд.

Дар ҷараёни рӯзҳои таҷлил аз Наврӯзи байналмилалӣ ва таътилоти наврӯзӣ ҳамчунин дар манотиқи мухталифи шаҳри Душанбе тоблуҳое, ки дар онҳо аз таърихи наврӯз филмҳо намоиш дода мешаванд, насб хоҳанд шуд.

Ҳамчунин, шиъорҳои наврӯзӣ низ дар овезаҳое дар сартосари Тоҷикистон гузошта хоҳанд шуд. Аммо матни ин овезаҳо бо забони форсии тоҷикӣ ва хатти сирилик таҳия мешаванд. Масъулони шаҳрдорӣ гуфтанд, ки ҳеч гуна овеза ва пустерҳои наврӯзиро ба хатти порсӣ дар назар нагирифтаанд.

Матолиби муртабит