Тасмими шаҳрдорӣ барои тахлияи Душанбе аз "сохтмонҳои худсохта"

  • 2 Июн, 2014
Танӯрҳо ва горожҳоImage copyrightBBC World Service
Image caption Бархе аз ин танӯрҳо ва горожҳо мӯҷиби олудагии макони атрофи онҳо мешаванд

Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ки дар тӯли се моҳи оянда шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистонро аз сохтмонҳои ба истилоҳ "худсохта" ва "ғайриқонунӣ" тахлия кунад.

Тибқи иттилоъи сухангӯи дафтари матбуъотии шаҳрдорӣ, ин иқдом марҳала ба марҳал аз моҳи май то авохири моҳи августи соли ҷорӣ анҷом хоҳад гирифт.

Шавкат Саидов, рӯзи душанбеи 2 июн ба Би-би-сӣ гуфт: "Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифт, ки ин иқдомро дар чаҳорчӯби таҷлил аз 90-умин солгарди таъсиси шаҳр амалӣ гардонад. Дар чаҳорчӯби ин тадбир кормандони шаҳрдорӣ якҷо бо мақомоти навоҳии маҳаллии шаҳри Душанбе баъд аз мулоқот бо сокинони чаҳор навоҳии шаҳр куллияи биноҳои "худсохта" дар ин шаҳрро тахриб мекунанд."

Оқои Саидов мегӯяд, ки дар мулоқотҳо бо сокинон дар оянда тасмим гирифта хоҳад шуд, ки барои бароварда сохтани ниёзмандиҳои иддае аз сокинон барои бунёди бархе аз сохтмонҳои зарурӣ тадобир андешида шавад.

Дар чорчӯби ин тарҳ, аз ҷумла танӯрҳое ҳам, ки дар тӯли ду даҳаи ахир дар маҳаллоти мухталифи шаҳр дар назди опортумонҳои чандтабақа бунёд шудаанд, тахриб мешаванд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Саидов мегӯяд, ки қабл аз тахриби ин сохтмонҳо гурӯҳҳои корӣ бо сокинон машварат анҷом медиҳанд

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи иддае аз сокинони шаҳри Душанбе, ахиран танӯрҳое, ки дар назди манозили маскунии онҳо сохта шуда буданд, вайрон шудаанд. Зоҳиран ин сокинон аз тахриби ин сохтмонҳо хушҳол ба назар менамуданд.

Зеро ба гуфтаи як сокини хиёбони мавсум ба Ханжинаи ноҳияи Сино, бисёре аз сокинони манзили нуҳошёнаи онҳо аз ин бунёди ин танӯрҳо норозӣ буданд, аммо бошандагони алоқаманди бунёди ин танӯрҳо дар гузашта хоҳиши онҳоро ба ҳангоми сохтани танӯрҳо нодида гирифта буданд.

Аз сӯйи дигар бисёре аз хонаводаҳое, ки мегуфтанд имкони харидории нонро ҳамарӯза надоштаанд аз ин тасмими шаҳрдорӣ нигарон буданд. Ҳарчанд ба гуфтаи сухангӯи шаҳрдорӣ, масъулони зидахли ин ниҳод дар мулоқотҳо бо сокинон ин масъаларо низ баррасӣ хоҳанд кард.

Масъулони шаҳрдорӣ мегӯянд, ки мақоми шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ба унвони пойтахти як кишварро бояд боло бурд ва сокинони шаҳрро мебояд, ки худашон ба беҳбуди вазъи беҳдорӣ ва ободонии ин шиҳр иқдом кунанд.

Онҳо мегӯянд ҳамчунин мавҷудияти танӯрҳо ва оташдонҳои худсохта мунҷар ба олудагии ҳавои шаҳр шуда ва бисёре аз сокинони шаҳри Душанбе, ба вижа афроди бузургсол ва кӯдакон аз ин олудагӣ ранҷ мебаранд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Бархе аз сокинон мегӯянд, ки имкони харидории нонро ҳамарӯза надоранд ва аз ин рӯ аз танӯрҳо истифода мекунанд

Масъулони шаҳрдорӣ мегӯянд, ки бисёре аз дуконҳои фурӯши нон низ ба фурӯши нони танӯрӣ машғуланд ва тафовут дар он аст, ки нонвойхонаҳои шаҳр аз нерӯи барқ истифода мекунанд, ки муҳити зисти шаҳрро камтар олуда мекунад.

Аз сӯйи дигар бархе аз ин биноҳои ба истилоҳ худсохта, аз ҷумла танӯрҳову оташдонҳо ва горожҳову таъсисоти дигар дар маконе сохта шудаанд, ки қаблан майдончаҳои варзишӣ барои кӯдакон маҳсуб мешуданд. Аммо бисёре аз васоили варзишии ин майдончаҳо дар ду даҳаи ахир аз байн рафтааст.

Ин нахустин бор нест, ки шаҳрдорӣ тасмими аз миён бурдани сохтмонҳои худсохта дар Душанберо мекунад. Ду соли қабл низ шаҳрдорӣ чунин тадобирро дар шаҳр тарҳрезӣ карда буд ва миқдоре аз сохтмонҳои худсохта, аз ҷумла танӯрҳо ва горожҳоро тахриб карда буд.

Матолиби муртабит