'Ҷовидон кардани' номи чеҳраҳои кушташуда, ки қотилонашон ёфт нашуд

  • 12 Июл, 2013

Шарҳдории Душанбе унвони ҳудуди 10 хиёбон дар пойтахти Тоҷикистонро, ки дар замони шӯравӣ номгузорӣ шуда ва ба номи афроди рус ва ё саҳмгузор дар инқилоби Октябр буданд, тағйир дод.

Ин хиёбонҳо ҳамакунун ассомии бархе аз чеҳраҳои шинохтаи тоҷик ва афродеро, ки дар даврони нобасомониҳо дар Тоҷикистон кушта шудаанд, ба худ касб карданд.

Аз ҷумла дар ҷаласаи 15-уми намояндагони маҷлиси шаҳри Душанбе бо аксари оро номи хиёбони Гастелло ба номи Сайф Раҳимзода Афардӣ, адиби фақиди тоҷик тағйир дода шуд.

Шаҳрдорӣ хабар дода, ки ин ҷаласа панҷшанбеи 11 июл доир шуд ва дар он ҳамчунин унвони хиёбони Володарскийи ноҳияи Шоҳмансур, ба манзури бузургдошт аз ёди донишманди тиби тоҷик хиёбони Минҳоҷ Ғуломов номида шуд.

Яке дигар аз хиёбонҳое, ки тағйири ном кард, хиёбони Плеханов аст, ки ҳамакнун унвони Зафар Нозимов, ҳунарманди мардумии Тоҷикистонро ба худ касб кард.

Сайф Раҳимзода Афардӣ, адиб, синемогар ва раиси вақти кумитаи родию-телевизюни Тоҷикистон дар баҳори соли 2000 ба қатл расид ва то ҳол суфоришгарони қатли ӯ номаълум боқӣ мондаанд.

Пруфесури улуми равоншиносӣ ва норкулужӣ Минҳоҷ Ғуломов, ки коршиносони арсаи тиб ӯро дар заминаи равоншиносӣ беназир медонистанд, дар баҳори соли 1996 аз сӯйи афроди мусаллаҳ ба зарби гулула кушта шуда буд. Афроди муқассир дар қатли ин табиб саршиноси тоҷик низ то ҳол мушаххас нашудаанд.

Масъулони шаҳрдорӣ яке аҳдофи тағйири номи хиёбонҳоро "ҷовидон кардани номи фарзандони варзидаи Тоҷикистон" унвон мекунанд.