Шаҳрдорӣ ширкатҳоро аз додани манозили ройгон муъоф кард
Image copyrightBBC World ServiceШаҳрдории Душанбе бо судури мусаввабае вижа ширкатҳои хусусии сохтмониро аз вогузории панҷ дарсади опортумонҳо аз биноҳои навбунёд ба шаҳрдорӣ муъоф кардааст.
Бар асоси иттилоъи шаҳрдорӣ, ин тасмим дар мавриди биноҳои бунёдшуда дар қисмати марказии пойтахти Тоҷикистон иҷро нахоҳад шуд ва танҳо дар қисматҳои дуртар аз марказ муҷоз аст.
Ҳамчунин, бо ислоҳи мусаввабаи шумораи 16-и шаҳрдори Душанбе, ду ширкати сохтмонӣ, ки дар минтақаи марказии шаҳр манзил месозанд, ба ҷойи 10 дарсад танҳо панҷ дарсад аз манозили худро ба шаҳрдорӣ вогузор хоҳанд кард.
Тавре ки дар баёнияи шаҳрдории Душанбе омадааст, ин тасмим ба хотири поён бурдани қимати манозили маскунӣ ва ҳимоят аз тоҷирону сармоядорони дохилӣ иттихоз шудааст.
Аз ин ба баъд 14 ширкати хусусӣ панҷ дарсади манозили макунии бунёдшударо ба ройгон дар ихтиёри шаҳрдорӣ нахоҳанд гузошт ва ин манозилро низ барои сокинони шаҳр ба фурӯш мегузоранд.
Қаблан шаҳрдорӣ тамоми ширкатҳоро муваззаф карда буд, ки аз ҳар сохтмони бисёртабақа, ки месозанд, панҷ дарсад аз опортумонҳоро ба таври ройгон ба шаҳрдорӣ бидиҳанд.
Шаҳрдорӣ ба навбаи худ ин манозилро ба сокинони шаҳр, бавижа онҳое, ки дар тавсеъаи иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳр нақше ифо кардаанд, тавзеъ мекард.
Дар ҳамин ҳол, масъулони ин ниҳод дар ҷараёни як нишасти матбӯъотӣ гуфта буданд, ки дар соли 2013 бунёди манозили шаҳрдорӣ дар пойтахт анҷом нагирифтааст.
Аммо як масъули шаҳрдорӣ гуфт, ки дар соли гузашта аз сӯйи тоҷирон ва ширкатҳои мухталифи хусусӣ беш аз 200 ҳазор метри мураббаъ манзил дар шаҳри Душанбе бунёд ва ба мардум фурӯхта шудааст.
Аз сӯйи дигар, коршиносон мегӯянд, ки дар шароити феълӣ, ки маъоши аксари тоҷикистониён ҳудуди 100 дулорро ташкил медиҳад, харидории манозил бо маблағе, ки ширкатҳо талаб мекунанд, барои мардум душвор ба назар мерасад.
Ба эҳтимоли зиёд, яке аз аҳдофи аслии даст кашидани шаҳрдорӣ аз тасарруфи панҷ дарсад аз манозили ширкатҳои сохтмонӣ ба таври ройгон низ кумак ба коҳиши қимати ин манозил будааст.
Аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё тоҷирону сармоядорони хусусӣ, ки бунёди манозили маскунӣ машғуланд, ба ҳангоми фурӯши манозил ин иқдоми шаҳрдориро ба назар хоҳанд гирифт ё хайр?
