Маҳдудияти дастрасӣ ба об дар бархе аз маҳаллоти Душанбе

  • 3 Январ, 2014
Лӯълаи об
Image caption Аз авоили соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе шадидан камбуди оби ошомиданӣ эҳсос шудааст

Дар ҳоле ки иддае аз сокинони шаҳри Душанбе аз мушкилоти дастрасӣ ба оби ошомиданӣ дар манозилашон аз авоили соли милодии ҷадид шикоят мекунанд, раиси Корхонаи давлатии обу фозилоби шаҳр мегӯяд, ки ин мушкилро базудӣ ҳал кардаанд.

Файзулло Исупов, рӯзи ҷумъаи 3 январ ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар натиҷаи тасодуф дар лӯлаҳои об дар хиёбони Карамови шаҳр тавзеъи об ба манозили бархе аз сокинон барои муддати кӯтоҳе қатъ шуд.

Аммо вай афзуд: “Дар Душанбе ҳеҷ гуна камобӣ нест ва сокинон ба таври кофӣ дастрасӣ ба об доранд. Агар дар куҷое садама дар лӯлаҳои обрасонӣ рух диҳад, онро бамавқеъ таъмир мекунем. Дирӯз соъати 13:00 ба вақти маҳаллӣ дар хиёбони Карамов дар қубури (лӯлаи) аслии обрасонӣ тасодуф рух дод, мо то субҳ онро таъмир кардем ва ҳоло об ба таври маъмулӣ ба масрафкунандагон мерасад.”

Оқои Исупов мегӯяд, ки лӯлаи об дар ин масир хароб шуда буд ва таъмиргарон ин мушкилро бамаврид рафъ кардаанд ва ӯ мегӯяд, ки дар ниҳоди онҳо кумисиюни вижае барои расидагии бамавқеъ ба мушкилоти дастрасӣ ба об ба таври ҳамешагӣ фаъъол будааст.

Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи бисёре аз сокинони шаҳр, онҳо аз аволили соли нави мелодӣ аз камбуди оби ошомиданӣ шадидан ранҷ мебаранд. Аз ҷумла иддае аз сокинони хиёбони Алишер Навоии ноҳияи Сино мегӯянд, ки чандест, ки ба манозили онҳо об мунтақил нашудааст.

Иддае аз масрафкунандагон дар хиёбонҳои мавсум ба Федина ва Якачинор, воқеъ дар маҳаллаи Профсоюзи пойтахт, низ мегӯянд, ки аз ду рӯз боз об ба манозили онҳо мунтақил намешавад.

Ромини Ҳодизода, сокини хиёбони Федина, мегӯяд, ки мушкили дастрасӣ ба обро ду рӯз боз эҳсос мекунад.

Вай афзуд: “Мо ба ҳар ҳоле ин мушкилро бо насби памп дар манзил ҳал кардем вале бархе дигар аз ҳамсоягонамон дар ҷустуҷӯйи оби ошомиданӣ ҳастанд.”

Зимнан, дар наздикии бисёре аз манозили бисёртабақа дар шаҳри Душанбе лӯлаи обрасонӣ вуҷуд надорад ва сокинон, аз ҷумла занону духтарон бо сатлҳои об машғули ҷучтуҷӯйи об будаанд.

Ин дар ҳолест, ки аз аввали соли ҷорӣ қимати масрафи об дар Тоҷикистон аз як сомонӣ ва 04 дирам ба як сомонӣ ва 38 дирам афзоиш ёфтааст.

Аз сӯйи дигар, бисёре аз сокинони манозили бисёртабақа дар шаҳри Душанбе аз он шикоят мекунанд, ки то ҳол об ба манозили онҳо ба таври шабонарӯзӣ расонда намешавад.

Ба гуфтаи онҳо, ин дар ҳолест, ки ҳанӯз дар солҳои 2009-2010 масъулони корхонаи давлатии обу фозилоби шаҳр ба онҳо ваъдаи таъмини об ба таври шабонарӯзиро дода буданд.

Матолиби муртабит