Ҷорӣ шудани селоб ва нигаронии волидон аз оброҳҳои ноамн
Image copyrightBBC World ServiceКумитеи умури изтирории Тоҷикистон аз хисороти селоб дар ноҳияи Ҳисор ва Варзоб ва кушта шудани як кӯдаки панҷсола дар оброҳе (канале) дар шаҳри Душанбе хабар дод.
Тибқи иттилоъи дафтари матбӯъотии ин кумите, ин ҳодисаи табиъӣ ба манозили маскунии иддае аз сокинон ва роҳҳои иртиботии ин навоҳӣ хисорот ворид кардааст.
Орифшо Нозимов, сухангӯи ин кумите, рӯзи сешанбеи 3 июн ба Би-би-сӣ гуфт: "Рӯзи якуми июн бориши борони зиёд ва ҷорӣ шудани селоб дар рустои мавсум ба Ҳофиз ба 10 манзили маскунӣ хисорот ворид карда ва қисмате аз роҳҳои иртиботиро вайрон кард. Ҳамчунин, селоб роҳҳои иртиботӣ ва мазореъи бархе аз сокинони деҳаи Тутака ва Ҷиртикии ноҳияи Ҳисорро низ хароб кардааст."
Оқои Нозимов мегӯяд, ки ҷорӣ шудани селоб дар ноҳияи Варзоб низ мушоҳида шуда ва ин ҳодиса барои мардум хисороте бар ҷой гузоштааст.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи аввали июн дар натиҷаи бориши шадиди борон ва боло рафтани сатҳи об дар оброҳе (канале) дар ноҳияи Шоҳмансур як кӯдаки панҷсола ҷони худро аз даст додааст.
Исми ин кӯдак Камоллиддин Ҳабибов муъаррифӣ шудааст. Вай дар муҳавватаи як манзили маскунӣ, воқеъ дар хиёбони Камоли Хуҷандӣ ба оброҳ уфтода ва кормандони наҷоти кумитеи умури умури изтирорӣ танҳо рӯзи 2 июн ҷасади ӯро аз наздикии рӯдхонаи Кофарниҳон пайдо кардаанд.
Хабари ба конол ё оброҳ уфтодани як кӯдак ва ҷараёни ҷӯстуҷӯйи ӯ дар ноҳияи Шоҳмансур сару садоҳои зиёдеро ба бор овард. Оброҳҳои ин мавзеъ аз муддатҳо қабл мӯҷиби нигаронии иддае аз сокинони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шудаанд.
Моҳшариф, як сокини хиёбони Шаумяни ин ноҳия, бо ишора ба оброҳи наздик ба манзили маскуниаш мегӯяд, ки волидон дар ин минтақа аз хатароти ношӣ аз селоб барои амнияти кӯдаконашон нигарон ҳастанд.
Моҳшариф мегӯяд, афзун бар ин, оброҳи назди манзилашон солҳои тӯлонӣ поксозӣ нашуда ва дар фасли гармо бӯйи ганд медиҳад.
Ӯ афзуд: “Дар гармӣ аз назди ин конол гузашта намешавад. Ҳарчанд оби он ин қадар зиёд нест, вале ҳангоми бориши борон сатҳи об боло меравад ва хатароте на танҳо барои кӯдакон, балки барои ҳама эҷод мекунад.”
Моҳшариф мегӯяд, ки чанде пеш зимни мулоқот бо намояндаи порлумон аз ин ноҳия, сокинон масъалаи ин оброҳро бо ӯ матраҳ карда ва аз ӯ хостаанд, ки оброҳро бибанданд ва ё барои эмании он иқдоме кунанд.
Вале посух ба ин мавзӯъро онҳо ҳанӯз дарёфт накардаанд, ҳарчанд намояндаи порлумон ба онҳо ваъда дода, ки барои эмании оброҳ талош хоҳад кард.
Ин зан мегӯяд, ки хабари ғарқ шудани кӯдакро дар яке аз оброҳҳои наздик ба манзилашон шунида ва волидон ҳамакнун фарзандони худро дар роҳ ба мактаб ҳамроҳӣ мекунанд.
Ин оброҳ ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ дар наздикии манозили маскунӣ бунёд шудааст, вале ба назар мерасад, ки дар панҷ соли ахир барои поксозии он иқдоме нашудааст.
Афзун бар ин, дар болои ин оброҳ пулҳои хурде ба назар мерасанд, ки дарҳои вурудии манозили маскуниро бо роҳи асосӣ мепайванданд. Аммо масоили эманӣ дар ин пулҳо дар назар гирифта нашудааст.
