Талафоти ҷонӣ бар асари ҳаводиси табиъӣ

  • 28 Апрел, 2014

Бар асари борандагии шадид ва ҷорӣ шудани сел дар манотиқи ғарби Тоҷикистон 5 нафар, аз ҷумла, 3 кӯдак ҷон бохтаанд.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти Кумитаи вазъияти фавқулоддаи Тоҷикистон, ин ҳодисаи табиъӣ, ки дар навоҳии Рӯдакӣ ва Турсунзодаи ин кишвар рух додааст, хисороти ҷиддии иқтисодиро низ ба дунбол доштааст.

Аз ҷумла, дар пайи борандагии шадид дар рустоҳои Ҳуснобод, Гулхас ва Ҷинголии ноҳияи Турсунзода ва Гулистон, Ҳалқаруд, Ҳафттепа, Шарафобод, Ғуриёт ва Мурутаки ноҳияи Ҳисор манозили сокинон ва мазореъи кишоварзӣ осеби ҷиддӣ дидаанд.

Ду ҳафта қабл, бар асари ҷорӣ шудани сел ва фурӯ рехтани теппа дар ноҳияи Шӯрообод 13 нафар ва 2 нафар дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон ҷонҳои худро аз даст дода буданд.

Бад ин тартиб, дар моҳи ҷорӣ мизони талафоти ҷонӣ бар асари ҳаводиси табиъӣ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон ба 23 нафар расидааст.