Тахриби манозили маскунӣ бар асари сел
Image copyrightBBC World ServiceКумитаи умури изтирории Тоҷикистон мегӯяд, ки сабаби ҷорӣ шудани селоб дар маркази ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон, набуди нерӯи барқ ва аз кор мондани пампҳои обкашонӣ будааст.
Тибқи хабари дафтари матбӯъотии ин ниҳод, дар натиҷа сатҳи оби коноли Қумсангир боло омада ва ба манозили маскунии иддае аз сокинони ноҳия сарозер шудааст.
Наргис Нурова, сухангӯи ин кумита, рӯзи сешанбеи 13 май ба Би-би-сӣ гуфт: "Соъати 02:00 вақти маҳаллӣ дар натиҷаи вазидани шамоли сахт дар ноҳияи Қумсангир неруи барқ хомӯш шуда ва дар натиҷа насосҳои (пампҳо) обкашонӣ аз кор мемонанд. Дар натиҷа об шаш манзили маскуӣ дар деҳаи Ӯзбакистони ҷамоъати Дӯстӣ комилан хароб кард ва панҷ хонаи деҳаи Навободи ҷамоъати Панҷ низ дар ин ҳодиса қисман вайрон шудаанд."
Хонуми Нурова мегӯяд, ки гурӯҳе аз кормандони ин ниҳод ба ҷои ҳодиса эъзом шудаанд ва ӯ афзуд, ки кумисиюни вижа машғули таҳқиқоти хисороти расида ба иқтисоди ноҳия аз ин ҳодиса будааст.
Дар ҳамин ҳол бар асоси хабарҳои расида аз ноҳияи Қумсангир ҷорӣ шудани селоб ба беш аз 100 манзили маскунӣ дар маркази ноҳия хисороти ҷиддӣ ворид кардааст.
Тибқи иттилоъи мақомоти маҳаллии ин ноҳия, бар асари ин ҳодиса 10 манзили маскунӣ комилан хароб шуда ва селоб ба муҳоватаи як мактаби ҳамагонӣ ва дабиристон дар ин ноҳия низ сарозер шудаст.
Тавре ки иддае аз сокинони ин ноҳия мегӯянд, ин ҳодиса соъати 03:00 субҳи рӯзи сешанбеи 13 май рух дода ва то ҳол сокиноне, ки манозили онҳо хароб шудаст, наметавонанд ба хонаҳояшон дубора бозгарданд.
Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, дар сурате, ки об ва гил аз манозилашон кашида нашавад, имкон дорад, ки сақф ва деворҳои хонаҳо фурӯ резад.
Шералӣ Сафаров, як сокини маркази ноҳияи Қумсангир мегӯяд, ки аз шаб то ҳол вай ва ҳафт фарзанди кучаки ӯ дар берун аз манзил ҳастанд.
Ӯ мегӯяд: “Мо то ҳол намедонем, ки об ва гил аз куҷо омад ва манзили моро зер кард. Ман ҳатто наметавонам ба дохили манзил ворид шавам ва мадорик ва ё лавозимоти онро берун оварам.”
Вай мегӯяд, ки аз он шод аст, ки вай ва пайвандонаш аз ин ҳодиса ҷон ба саломат бурданд, вале ӯ афзуд, ки оғилхона ва ошпазхонаи манзилаш комилан вайрон шудааст.
Гуфта мешавад, ки набуди нерӯи барқ ва камбуди фановарӣ барои кашидани об аз дохили манозил ва таъсисоти дигар харобшуда, хатари комилан вайрон шудани ин сохтмонҳоро эҷод кардааст.
Ҳамчунин, иддае аз сокинони минтақаи осебдида аз талафи ҳайвоноти аҳлӣ дар ин ҳодисаи табиъӣ хабар додаанд.
Холмурод Раҳмонов, раиси ноҳияи Қумсангир ба хабарнигори маҳаллии Би-би-сӣ гуфтааст, ки дар ин ҳодиса беш аз 100 манзил хисорот дида ва 10 манзили дигар тамоман вайрон шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин, ҷорӣ шудани селоб беш аз 100 ҳектор мазореъи кишоварзӣ ва қисмате аз бозори ноҳияро хароб кардааст.
Ин нахустин бор нест, ки навоҳии мухталифи вилояти Хатлон бар асари ҷорӣ шудани селоб хисорот мебинанд. Аз моҳи апрел то ҳол ҳодисаи сел ва рониши замин дар навоҳии Шӯрообод, Восеъ, Кӯлоб ва Ҳамадонӣ низ рух дода буд.
