Хисороти ҳангуфт бар асари селоб

  • 12 Май, 2014
Селоб дар ШӯроободImage copyrightBBC World Service
Image caption Ҳодисаи рониши замин ва сел дар моҳи апрел ҷони беш аз 15 нафар аз сокинони вилояти Хатлонро рабуда буд

Масъулони Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон аз ҳодисаи ҷорӣ шудани селоб дар ҳумаи шаҳри Душанбе ва хароб шудани 450 манзили сокинони ноҳияи Рӯдакӣ хабар додаанд.

Бар асоси иттилоъи дафтари матбӯъотии ин ниҳод, ҷорӣ шудани сел дар ду рӯзи ахир ҳамчунин се манзили маскунӣ дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлонро комилан хароб кардааст.

Наргис Нурова, корманди ин дафтар, рӯзи душанбеи 12 май ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҷорӣ шудани селоб бархе аз роҳҳо ва таъсисоти дигарро низ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон вайрон кардааст.

Хонуми Нурова мегӯяд, ки сел бештар ба сокинони ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳумаи пойтахти Тоҷикистон хисорот ворид кардааст.

Ӯ дар мавриди ҷузъиёти бештаре аз ин ҳодисаи табиъӣ гуфт: "Соъати 23:10 дақиқаи вақти маҳаллии рӯзи 10 май бар асари борони шадид ва боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаи Элок беш аз 400 хона, таъсисоти мухталиф ва мазореъи кишоварзии деҳоти ҷамоъати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ,аз ҷумла Адолат, Камсомол 1 ва 2, Шафақ ва Тоҷикобод хисорот дидаанд. Дар ҳоли ҳозир кормандони кумита дар ин ноҳия машғули рафъи авоқиби ин ҳодиса дар минтақа ҳастанд."

Ин масъули Кумитаи умури изтирорӣ афзуд ки рӯзи 10 май, дар натиҷаи бориши борони шадид ва баланд рафтани сатҳи оби рӯдхонаи мавсум ба Элок дар ноҳияи Ваҳдат, беш аз 25 манзили маскунии бархе аз сокинон дар ҷамоъати Абдувосиъев, хисорот дидаанд.

Хонуми Нурова мегӯяд, ки резиши сел мағозаи ҷамоъати деҳоти Симиганҷ, панҷ худрав ва 10 манзили маскунӣ ва ду килуметри роҳи утумубилгардро вайрон кардааст.

Дар мавриди талафоти ҷонӣ аз ин ҳодиса иттилоъ пахш нашудааст, аммо ҷорӣ шудани селоби рӯзҳои 10 ва 11 майи соли ҷорӣ ҳамчунин ба бархе аз иншоъот, роҳҳои утумубилгард, лӯлаҳои оби ошомиданӣ ва мазореъи кишоварзон дар навоҳии Ёвон, Кӯлоб ва Нораки вилояти Хатлон хисорот ворид кардааст.

Масъулони Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ин муддат ҷорӣ шудани селоб дар рустои мавсум ба Гулистони ҷамоъати Шӯроободи вилояти Хатлон се манзили маскуниро комилан ва 20 хонаи дигарро қисман хароб кардааст.

Ин дар ҳолест, ки бар асари рониши замин ва ҷорӣ шудани селоби як моҳи қабл беш аз 15 сокини навоҳии мухталифи вилояти Хатлон ҷонҳои худро аз даст дода ва ин ҳодиса ба иҷтимоъ ва иқтисоди мардум, ба вижа сокинони навоҳии Шӯрообод ва Хуросон хисороти ҳангуфт ворид кард.

Матолиби муртабит