Мамонеъати мақомоти маҳаллӣ аз кумаки ҲНИТ ба осебдидагони сел

  • 14 Май, 2014

Гурӯҳе иборат аз 60 нафар аз аъзои ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ), умдатарин ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон, аз маҳалли осебдида аз сел дар ноҳияи Рӯдакӣ боздид карда ва ба осебдидагон кумак кардаст.

Ба гуфтаи манобеъи ин ҳизб, ин гурӯҳ ба раҳбарии Маҳмадалӣ Ҳайит, муъовини раҳбари ҲНИТ, ба мардуми осебдида аз сел дар пок кардани хонаҳояшон аз регу гил кумак кардаанд.

Қиёмиддин Авазов, раҳбари бахши маҳаллии ҲНИТ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва Муҳаммадӣ Тешаев, раҳбари бахши маҳаллии ҳизб дар Душанбе, низ аз ҷумла ин афрод будаанд, ки ба мардуми осебдида кумак расондаанд.

Дар муқобил, мақомҳои ҳукумати маҳаллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ аз кумакҳои аъзои ҲНИТ ба осебдидагон ибрози сипос карда, вале аз онҳо хостаанд, ки дигар ба кумаки мардум наоянд.

Мақомҳои маҳаллӣ гуфтаанд, ки худашон тавон ва зарфияти кумак ба осебдидагонро доранд. Ин дар ҳолест, ки мардуми маҳаллӣ мегӯянд, то омадани аъзои ҲНИТ ҳеч кумаке аз мақомоти давлатии маҳаллӣ дар заминаи рафъи авоқиби селоб дарёфт накардаанд.

Аъзо ва фаъъолони ҳизби наҳзати исломӣ ахиран аз минтақаҳои дигари осебдида аз сел дар ҷануби Тоҷикистон ҳам оздид карда ва ба мардуми осебдида кумакҳои худро расондаанд, аммо мақомоти давлатӣ бо шеваҳои мухталиф аз ин фаъъолиятҳо монеъ шудаанд.