Ашраф Ғанӣ: Занон дар ҳама сутӯҳи давлат ҳузур хоҳанд дошт

  • 5 Март, 2015
Image copyrightAP

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон, дар маросими таҷлил аз рӯзи ҷаҳонии ҳамбастагии занони афғон (ҳаштуми март) ваъда кард, ки барои баробарии занон ислоҳот меоварад.

Оқои Ғанӣ гуфт, ки дар ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон ҷо барои мушорикати сиёсиву иҷтимоъии занон дар ҳама арсаҳо вуҷуд дорад, аммо ин мушорикат бар асоси шоистагӣ хоҳад буд.

Ӯ гуфт, ки паёми ҳукумати Афғонистон дар заминаи мушорикати занон возеҳ аст ва зани Афғонистон бояд мутмаин бошад, ки ба унвони фард дар идора мушорикат мекунад на ба асоси равобит ва восита.

Оқои Ғанӣ гуфт: "Занон дар муъовиниятҳо, сафоратҳо ва вилоятҳо ҳузур хоҳанд дошт, аммо бар асоси меъёрҳо". Раиси ҷумҳури Афғонистон дар идома ҳамчунин гуфт, ки ҳукумати Афғонистон саъй мекунад "инҳисори раҳбариро бишканад."

Дар Афғонистон раҳбарии бештари идораҳо ба дасти мардон аст ва занон дар сутӯҳи мудириятӣ ва раҳбарӣ ҳузури бисёр камтаре доранд.

Ӯ ба вазорати умури хориҷа ишора кард ва гуфт, ки дастур дода феҳристи афроде ки ба асоси равобити шахсӣ дар ин вазорат гумошта шудаанд, таҳия шавад ва ҷилави онҳо гирифта шавад.

Дар ҳамин ҳол, Мижгони Мустафавӣ, сарпарасти вазорати умури занони Афғонистон, аз чолишҳои занони афғон гуфт ва ба давлати Афғонистон пешниҳод кард, ки аз ҳузури як зан дар дастгоҳи қазоӣ, як зан дар кумитеи миллии будҷа ва ҳузури занони шоиста дар самтҳои тасмимгирӣ пуштибонӣ кунад.

Хонуми Мустафавӣ гуфт занон ҳамчунон бо чолишҳое мувоҷеҳанд ва корҳои зиёде бояд барои тасовии ҷинсиятӣ, манъи табъиз ва озору азияти ҷинсӣ дар муҳити кору омӯзиши онҳо сурат гирад.

Ӯ гуфт, ки парвандаи зиндониёни зан бакуллӣ бояд баррасии муҷаддад шавад. Хонуми Мустафавӣ изофа кард ба заноне ҳам ки дар вилоятҳои маҳрум кор мекунанд, имтиёзоти минтақаӣ дар назар гирифта шавад.

Раиси ҷумҳурии Афғонистон дар идома гуфт, ки пешрафтҳоро ҳифз мекунад ва давом медиҳад. Ӯ таъаҳҳуд кард, ки заминаро барои дастрасии занон ба меросҳои шаръии онҳо фароҳам мекунад ва ҳамчунин бо кумаки кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Имороти Муттаҳидаи Араб, барномаҳои омӯзишӣ ва ҳирфаисозии занонро дар сатҳи мудириятӣ ба иҷро хоҳад гузошт.

Оқои Ғанӣ ваъда кард, ки ба кумаки кишвари Туркия, донишгоҳи ихтисосии духтарона эҷод хоҳад шуд ва барои занони бебизоъат низ бемористоне сохта хоҳад шуд, то занон маҷбур ба сафарҳои хориҷӣ барои дармон ва амал нашаванд.

Ӯ гуфт, ки дифоъ аз ҳуқуқи занон масъулияти тамоми идороти давлати Афғонистон аст ва дар ҳеҷ ниҳоде хушунат алайҳи занон ҷо надорад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран дафтари ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид гуфта занони афғон ҳамчунон барои дастрасӣ ба ҳуқуқашон бо мавонеъи умдае мувоҷеҳанд. Ин созмон гуфта, ки тавсияҳои соли 1999 ва соли 2005-и ин созмон барои мубориза бо хушунат алайҳи занон дар Афғонистон ҳамчунон қобили таҷдид аст.

Дар ин маросим Руло Ғанӣ, бонуи аввали Афғонистон, қабл аз раиси ҷумҳурӣ суҳбат кард ва гуфт барои ҳимоят аз занон дар Афғонистон занон бояд ҳам дар хона ва ҳам дар иҷтимоъ ба унвони афроде тасмимгир ва масъулиятпазир эҳтиром шаванд.

Дар идома Ҳабиба Саробӣ, мушовири раёсати иҷроияи давлати Афғонистон дар умури занон, ба намояндагӣ аз раёсати иҷроия суҳбат кард ва гуфт, ки ҳанӯз чолишҳои амниятӣ адами масъулияти занон ва заъф дар ҳукуматдории хуб мунтаҷ ба идомаи хушунатҳо алайҳи занон шуда ва дастрасии занонро ба ҳуқуқашон маҳдуд кардааст.

Маросими таҷлил аз рӯзи занон дар толори дабиристони Амонии Кобул бо ҳузури мақомҳои олирутбаи давлатӣ ва меҳмонони афғону хориҷӣ баргузор шуд, мақомҳои афғон дар ин маросим аз рӯйдодҳои ахири табиъӣ, ки даҳҳо кушта баҷо гузошт ва рӯйдоди гаравгонгирӣ дар вилояти Зобул ҳам ибрози таъассур карданд.