Эъломи азои умумӣ дар Афғонистон

  • 28 Феврал, 2015
Image copyright.
Image caption Ҷаласаи фавқулъоддаи кобинаи Афғонистон

Бо кушта шудани даҳҳо шаҳрвандон дар пайи ҳаводиси табиъӣ дар саросари Афғонистон давлати ваҳдати миллӣ барои се рӯз азои умумӣ эълом кард.

Барфрезӣ ва селоби рӯзҳои ахир куштаҳои зиёдеро дар нуқоти мухаталифи Афғонистон ба ҷой гузошт. Ин ҳаводиси табиъӣ дар вилоёти Панҷшир, Бадахшон, Бомиён, Лағмон, Нангарҳор ва Тахор қурбонӣ гирифтааст.

Омори қурбониёни баҳман дар вилояти Панҷшир то ба ҳол 187 нафар эълом шудааст. Аммо мақомҳои маҳаллӣ ва шоҳидҳои айнӣ мегӯянд, омор афзоиш хоҳад ёфт. Ҳамчунин, гузориш шудааст, ҳазорҳо хона дар ин вилоят осеб дидаанд.

Рӯзи ҷумъа Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон, барои дидор ва расидагӣ ба вазъияти қурбониёни баҳман ба вилояти Панҷшир рафт.раиси ҷумҳурии Афғонистон дар миёни ҷамъе аз бузургони вилояти Панҷшир гуфт: "Дар ин ҷой шакке набошад, ки имрӯз ғами Панҷшир ғами миллӣ аст ва ин ғами сартосарӣ аст".

Оқои Ғанӣ сипас дар ҷаласаи фавқулъоддаи Шӯрои вазирони Афғонистон, ки шаби ҷумъа дар Кобул баргузор шуд, барои 3 рӯзи оянда "мотами миллӣ" эълом кард.

Дар хабарномаи раёсати ҷумҳурӣ омадааст, дар сартосари Афғонистон ва сафорахонаҳои ин кишвар парчам нимаафрохта хоҳад шуд.

Рӯзи панҷшанбе низ Абдулло Абдулло, раиси иҷроияи давлати ваҳдати миллӣ ба Панҷшир сафар кард ва Вайс Бармак, вазири пешини тавсеъаи деҳотро ба унвони масъули имдодрасонӣ мансуб кард.

Шуморе аз фаъолони ҷомеъаи маданӣ ба Панҷшир сафар карда ва пас аз расидагӣ аз вазъият аз наздик тадобиреро барои ҷалби кумак ба қурбониёнро ба кор гирифтанд.

Матолиби муртабит