Духтари навҷавони афғон қабл аз ҳамлаи интиҳорӣ худро ба пулис таслим кард

  • 29 Декабр, 2014
Image copyright

Мақомҳои пулис дар вилояти Ҳилманд дар ҷануби Афғонистон мегӯянд духтари навҷавоне, ки водор ба анҷоми ҳамлаи интиҳорӣ шуда буд, худро ба пулис таслим кардааст.

Фарид Аҳмад Убайдӣ, сухангӯйи пулиси Ҳилманд, ба Би-би-сӣ гуфт, ки номи ин духтар Зармина аст ва зоҳиран чаҳордаҳ сол дорад, ки тавассути падару доияш (тағояш) водор ба анҷоми як ҳамлаи интиҳорӣ шуда буд.

Оқои Убайдӣ гуфт, ки як рӯз пеш аз ин ки ҳамлаи интиҳорӣ анҷом шавад, ин духтари навҷавон ба маҳалле дар вулусволии Навзоди ин вилоят оварда шуда буд, то ҳадафро аз наздик бубинад, ки бо истифода аз фурсат худро ба посгоҳи пулиси назми омма таслим кард.

Ин духтари навҷавон пас аз таслим ба пулис ба маркази шаҳри Лашкаргоҳ мунтақил шуда ва дар баробари расонаҳо гуфта, ки тавассути падараш водор ба анҷоми ҳамлаи интиҳорӣ шуда буд.

Зармина, ки ҳоло дар дорултаъдиб ба сар мебарад, ҳамчунин гуфта, ки се ҳафта пеш барои омодагии ҳамлаи интиҳорӣ ба хонаи доияш фиристода шуда буд.

Гузоришҳои зидду нақизи дигаре ҳам дар мавриди ин духтари навҷавон вуҷуд дорад. Хабарнигори Би-би-сӣ дар маҳал мегӯяд, ки пулис баррасӣ хоҳад кард, ки оё ин духтар воқеъан барои ҳамлаи интиҳорӣ омода шуда буд ва ё ин ки ба далели фирор аз хушунатҳои хонаводагӣ худро ба пулис таслим кардааст.

Сухангӯйи пулиси Ҳилманд мегӯяд таҳқиқоти ибтидоӣ ва эътирофоти ин духтари навҷавон нишон медиҳад, ки фарде ба номи Абдулбоқӣ, ки аз афроди гурӯҳи Толибон аст, падарашро маҷбур карда буд, ки ӯро барои анҷоми ҳамлаи интиҳорӣ омода кунад.

Пулиси Ҳилманд меафзояд, ки афроди Толибон ду кӯдаки дигарро ҳам омодаи ҳамалоти интиҳорӣ кардаанд.

Аммо падари Зармина ин ҷузъиётро таъйид накрда ва як манбаъи маҳаллӣ гуфта, ки ин духтар ҳангоми таслим бо худ таҷҳизоти ҳамлаи интиҳорӣ надоштааст. Ҳанӯз дар иртибот бо ин ҳодиса касе боздошт нашудааст.

Гурӯҳи Толибон гуфта, ки афроди ин гурӯҳ бо ин масъала иртиботе надоранд.

Пеш аз ин ҳам дар вилояти Ҳилманд як духтари дувоздаҳсола бо номи Сапужмӣ дар вулусволии Хоншини Ҳилманд қабл аз анҷоми ҳамлаи интиҳорӣ худро ба пулис таслим карда буд.

Вилояти Ҳилманд дар ҷануби Афғонистон аз вилоятҳои ноамн ба шумор меравад. Гурӯҳи Толибон ва дигар ҷангҷӯёни мусаллаҳ дар рустоҳо ва вулусволиҳои ин вилоят ҳузур доранд.

Матолиби муртабит