Қатли 5 узви хонавода дар Афғонистон

  • 31 Январ, 2015
Вилояти Парвон
Image caption Дар вилояти Парвон 5 узви як хонавода кушта шудаанд

Марде дар Афғонистон пас аз хостгорӣ ва шунидани ҷавоби рад аз хонаводаи духтари мавриди алоқааш 5 узви ин хонаводаро куштааст.

Дар ин ҳодиса, ки шаби гузашта дар вилояти Парвон дар шимоли Кобул рух додааст, падар, ду кӯдак ва ду зан аз хонаводаи духтар кушта шудаанд.

Муҳаммадзамон Момуз, фармондеҳи пулиси вилояти Парвон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки зоҳиран хонаводаи духтар мувофиқи ин издивоҷ набуданд ва қарор буда, ки васлати ӯ бо хонаводаи дигар сурат бигирад.

Ба гуфтаи оқои Момуз, ҳангоме ки марди муҳоҷим аз ин мавзӯъ бохабар мешавад, ҳамроҳ бо ду фарди дигар шабҳангом вориди хонаи духтар шуда ва 5 нафар аъзои хонаводаро тирборон кардааст.

Ин дар ҳолест, ки шуморе аз расонаҳои маҳаллӣ "душмании хонаводагӣ"-ро иллати ин қатл хондаанд.

Оқои Момуз ҳамчунин гуфт, ки фарди муҳоҷим узви артиши миллӣ аст ва ҳамроҳ бо 2 ҳамдастонаш боздошт шудааст.

Соли гузашта дар задухӯрди мусаллаҳона миёни аъзои ду хонаводаи дигар дар вилояти Парвон 7 тан кушта ва 3 тан захмӣ шуда буданд.

Матолиби муртабит