Шонздаҳ тан дар хушунатҳои тоза дар Афғонистон кушта шуданд

  • 29 Январ, 2015

Дар ҳамла ба яке аз қароргоҳи қиёмкунандагони мардумӣ дар вулусволии Андари вилояти Ғазнӣ дар ҷануби Афғонистон ёздаҳ нафар кушта шуданд.

Сухангӯйи волии Ғазнӣ ба хабаргузориҳои маҳаллии Афғонистон гуфтааст ки ин ҳамла шаби гузашта рух дода ва дар натиҷаи он ёздаҳ нафар аз қиёмкунандагони мардумӣ кушта ва шаш нафари дигарашон захмӣ шуданд.

Ба гуфтаи вай, дар даргирӣ, ки миёни ин афрод ва Толибон рух дода, ҳафт узви гурӯҳи Толибон низ кушта ва шаш нафарашон захмӣ шудаанд.

Як мақоми амниятии дигар дар вилояти Ғазнӣ, ки нахост номаш дар гузориш дарҷ гардад, ба Би-би-сӣ гуфта, ки ин ҳамла замоне сурат гирифта, ки яке аз қиёмкунандагони мардумӣ ба ҳимоят аз Толибон бо онҳо ҳамкорӣ карда, то Толибон ба ин қароргоҳ, ки дар як қалъа мавқеъият дошта, ворид шаванд.

Гуфта мешавад, ки дар байни афроди захмӣ дар ин рӯйдод, Абдуллоҳ фармондеҳи ин қиёмкунандагони мардумӣ низ шомил аст.