Боздошти шаҳрванди Афғонистон ба занни қочоқи маводди мухаддир
Пулис аз боздошти як табаъаи Афғонистон ба занни қочоқи миқдори зиёди маводди мухаддир дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон хабар додааст.
Торнамои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбеи 14 январ менависад, ки кормандони интизомӣ Қурбонбек валади Мамадафзалро бо панҷоҳ килуграм афюн ва ҳашиш боздошт кардаанд.
Пулис ин шаҳрванди 40-соларо дар рустои мавсум ба Ниводак, воқеъ дар ҳумаи шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон дар амалиёти вижае боздошт кардааст.
Дар робита ба ин воқеъа кормандони интизомии вилояти Бадахшон парвандаи ҷиноиро боз ва барои пайдо кардани ҳамдастони Қурбонбек валади Мамадафзал дар қаламрави Тоҷикистон таҳқиқот мебаранд.
Тибқи гузоришҳои расмӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон шумори қобили мулоҳизаи шаҳрвандони Афғонитстон, ки додгоҳҳо онҳоро барои қочоқи маводди мухаддир равонаи зиндонҳо кардаст, ба сар мебаранд.
Ду соли қабл тибқи як қарордод, ҷониби Тоҷикистон ҳудуди 100 нафар аз шаҳрвандони Афғонистонро, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебурданд ба ватан истирдод шуданд.
