Роҳпаймоии занони афғон дар эътироз ба адами ҳузури занон дар кобине
Image copyrightAWNШуморе аз фаъъолони маданӣ ва мудофеъони ҳуқуқи зан бо ширкат дар як роҳпаймоӣ дар Кобул хостори таваҷҷуҳи роҳбарони давлати ваҳдати миллӣ ба саҳми занон дар давлат шуданд.
Ин роҳпаймоӣ соъати ҳашти субҳ ба вақти маҳаллӣ бо ҳузури даҳҳо зан аз сӯйи шабакаи занони афғон баргузор шуд ва дар он шумори зиёде аз чеҳраҳои шинохташудаи занон ҳузур доштанд.
Созмондиҳандагони ин роҳпаймоӣ гуфтанд, ки ҳудуди 38 дарсад аз раъйдиҳандагон дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ занон буданд, аммо ҳоло ҳузури онҳо дар радаҳои тасмимгирӣ ва радаҳои болои иҷроӣ бисёр камранг аст.
Ҳусния Софӣ, аз масъулони шабакаи "Занони афғон" гуфт, ки "тақлили саҳмияи занон дар кобинеи пешниҳодӣ занонро сахт нигарон карда" ва давлат бояд ҷиддан дар ин замина таваҷҷуҳ кунад.
Дар қатъномае, ки аз сӯйи муътаризон дар ин роҳпаймоӣ хонда шуд, омадааст, ки занони афғон дар ҷараёни интихобот бо таваҷҷуҳ ба хотироти амниятӣ ва таҳдидҳои мухолифони мусаллаҳи давлат дар интихобот саҳм гирифтанд, аммо ҳоло ба далоили мухталиф, занон аз ҳузур дар кобине ва дигар радаҳои иҷроӣ маҳрум шудаанд, ки ин маъсала "таъассуфбор аст."
Шабакаи "Занони афғон" мегӯяд, ки Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон, дар иҷлоси Ландан ваъда карда буд, ки чаҳор вазири кобинеи давлати ваҳдати миллӣ зан хоҳад буд.
Хонуми Софӣ гуфт, ки агар кобинеи Афғонистон ба чаҳор бахш тақсим шавад, занон дар он 38 дарсад саҳм хоҳанд дошт ва аз 25 вазири кобине дасти кам 9 вазири он бояд зан бошад.
Муътаризон дар роҳпаймоии имрӯз аз раҳбарони давлати ваҳдати миллӣ хостанд ба ваъдаҳои худ амал кунанд ва ҳадди ақал чаҳор вазир бояд зан бошад ва низ занон бояд дар мақомҳои муҳимми иҷроии дигар гумошта шаванд.
Ҷилавгирӣ аз бархурди дугона миёни зану мард дар интисоби афрод дар мақомҳои калидӣ ва таваҷҷуҳ ба ҳузури занон дар тасмимгириҳои калон, аз дигар хостаҳои муътаризон аз давлати ваҳдати миллии Афғонистон аст.
Онҳо ҳамчунин аз Маҷлиси намояндагони Афғонистон хостанд, ки ба занони коро ва шоиста раъй диҳанд.
Раиси ҷумҳур Ғанӣ ахиран 19 номзад, аз ҷумла як занро ба Маҷлиси намояндагон муъаррифӣ кард, ки аз ин миён танҳо 9 номзад аз сӯйи Маҷлиси намояндагон таъйид шуданд.
Дар кобинеи ноқиси Афғонистон, ки интизор меравад баъд аз таътилоти зимистонии Маҷлиси намояндагон ҳудуди 45 рӯзи дигар комил шавад, то кунун ҳеҷ зане ҳузур надорад.
Се зане, ки аз сӯйи раёсати ҷумҳурӣ ба Маҷлиси намояндагон муъаррифӣ шуда буданд, ду нафар аз онҳо ба далоили ноқис будани мадорики таҳсилӣ ва доштани шаҳрвандии дугона аз феҳрист ҳазф шуданд, як тани дигар аз онҳо низ натавонист раъйи эътимоди маҷлисро бигирад.
