Тоҷикистону Афғонистон нерӯҳои худро алайҳи терурисм басиҷ мекунанд
Image copyrightBBC World ServiceВазоратҳои умури дохилаи Тоҷикистон ва Афғонистон ба таври муштарак алайҳи терурисм, сармоягузории терурисм, ҷароими созмонёфта, кочоқи маводди мухаддир ва одамрубоӣ мубориза хоҳанд кард.
Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон дар ин замина мувофиқатнома дар мавриди ҳамкориҳои ин ду вазоратро тасвиб кард.
Мувофиқатномаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳа миёни вазоратҳои умури дохилаи Тоҷикистон ва Афғонистон 27 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Кобули Афғонистон имзо шуда буд.
Женерол Икром Умарзода, муъовини вазири умури дохилаи Тоҷикистон, ки ин санадро дар иҷлоси порлумон муъаррифӣ мекард, сатҳи феълии ҳамкориҳои пулиси Тоҷикистону Афғонистон дар самти мубориза алайҳи терурисм ва ҷароими созмонёфтаро густарда арзёбӣ кард.
Женерол Умарзода гуфт, ки ҷонибҳо дар мавриди гурӯҳҳои табаҳкор ва атбоъи тоҷику афғон, ки дар ин кишварҳо муртакиби ҷароим шудаанд, табодули иттилоъот мекунанд.
Зимнан, дар авохири ҳафтаи гузашта гузориш шуд, ки гурӯҳи Толибон дар минтақаи Имом Соҳиби Афғонистон, воқеъ дар наздикии марзи муштараки ин ду кишвар, чаҳор марзбони тоҷикро рабуданд.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфтанд, ки онҳо дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни афғони худ барои раҳоии ин марзбонон талош мекунанд.
Дар моҳи октябри соли гузашта низ миёни нерӯҳои марзбонии Тоҷикистону Афғонистон дар заминаи тақвияти ҳамкориҳо дар самти муоқибат аз марз, табодули иттилоъот ва анҷоми амалиёти муштарак прутукуле имзо шуда буд.
Ду рӯз қабл, Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар шаҳри Маскав ба имкони ташаннуҷи авзоъ дар Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳи Ноту аз ин кишвар ишора кард.
Бино ба иттилоъи хабаргузории “ИТАР-ТАСС”, оқои Путин ибрози нигаронӣ карда, ки мумкин аст гурӯҳҳои вобаста ба "Давлати исломӣ" вориди Афғонистон шуда ва амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистонро, ба хатар андозанд.
Аз ин лиҳоз, ӯ хостори ироаи кумакҳои молӣ ва фаннӣ барои тақвият ва навсозии артиш ва нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон шуд.
