Имзои созишноми ҳамкорӣ миёни Омрико ва Шабакаи Тавсеъаи Оғохон
Image copyrightBBC World ServiceСафорати Омрико дар Тоҷикистон ва намояндагии Шабакаи Тавсеъаи Оғохони Чаҳор дар ин кишвар барои роҳандозии пружаҳои иҷтимоъӣ созишномаеро ба имзо расонидаанд.
Тибқи ин тавофуқ барои роҳандозии барномаҳои мухталиф беш аз 12 милён дулор дар арсаҳои иҷтимоъӣ дар Тоҷикистон масраф хоҳад шуд.
Ҳафтаи гузашта Сузан Элиют, сафари Омрико дар Тоҷикистон ва Акбар Алӣ Песнанӣ, раҳбари намояндагии Шабакаи Тавсеъаи Оғохон дар ин кишвар ин созишномаеро ба имзо расониданд.
Сармояи ихтисосёфта барои рушди барномаҳои вижа зери унвони “Равобити иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ: арсаҳои мухталифи молӣ тавсеъа” масраф хоҳад шуд.
Ин барномаҳо бештар барои тавсеъаи зиндагии иҷтимоъии сокинони навоҳии наздики марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон равона шудаанд.
USAID ё Ожонс Тавсеъаи Байналмилалии Омрико ва Шабакаи Оғохони Чаҳор барои роҳандозии ин пружаҳо барои панҷ соли оянда шаш милён дулор масраф хоҳанд кард.
Ба гуфтаи ҷонибҳо созишномаи ба имзо расидаи ҷадид барои рушди соҳибкорӣ, таъмини амнияти молии ширкатҳо, тавсеъаи ҷомеъаи шаҳрвандаӣ, арсаҳои беҳдошт ва маъориф равона шуда ва ҳадаф аз он беҳбуди вазъи иҷтимоъии сокинони ин навоҳӣ унвон шудааст.
Ҳамчунин, бо роҳандозии барномаи ҷадид дар навоҳии марзӣ таъмини ҷойҳои корӣ барои ҷавонон ва тавсеъаи тиҷорати минтақа низ дар назар гирифта шудаст.
Бино ба иттилоъи Сафорати Омрико дар Тоҷикистон, Сузан Элиют, сафири Омрико дар маросими имзои созишнома зимни арзёбии барномаи ҷадид гуфтааст: “Ин иттиҳод, ҳимояти мустақим Омрико аз “Роҳи нави Абрешим” аст, ки боъиси рушди равобити Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро аз тариқи бозорҳои минтақавии энержӣ, масирҳои тиҷорӣ ва ҳамлу нақл ва таъмини мардум бо ҷои кор мешавад.”
Аз соли 1992 то ба ҳол, Омримко тавассути USAID ё Ожонс Тавсеъаи Байналмилалии барои ҳамоят аз барномаҳои тавсеъаи ниҳодҳои демукротик, арсаҳои беҳдошт, маъориф, иқтисод беш аз як милёрд дулор дар Тоҷикистон масраф кардааст.
Бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти фаровони зиндагии иҷтимоъии сокинони навоҳии назди марзӣ дар Тоҷикистон имзои созишномаи ҷадид ва роҳандозии барномаҳои иҷтимоъӣ барои сокинони навоҳии марзӣ тарҳе муҳим арзёбӣ мешавад.
Ҳамчунин, коршиносони иқтисодӣ пайваста бар нақши Шабакаи Тавсеъаи Оғохон дар бунёди пулҳо ва роҳҳои иртиботи дар Тоҷикистонро низ таъкид кардаанд.
