Кумаки Кумисиюни Урупоӣ ба осебдидагони сел дар Тоҷикистон
Image copyrightBBC World ServiceРиёсати бахши кумакҳои башардӯстонаи Кумисиюни Урупоӣ барои кумак ба осебдидгони ҳаводиси табиъии имсол дар Тоҷикистон ҳудуди 40 ҳазор юру ихтисос додааст.
Ин кумак бо дархости намояндагии Федеросиюни Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон ироа мешавад.
Тибқи иттилоъияи намояндагии Иттиҳодияи Урупо дар Тоҷикистон, ин кумакҳо барои сокинони осебдида аз рониши замин ва селоб дар вилояти Хатлон дар назар гирифта шудаанд.
Бар асоси ин иттилоъия, ин кумак тавассути созмони Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон барои беҳбуди вазъи осебдидагони ҳаводиси табиъӣ дар манотиқи зарардида аз ин сел, аз ҷумлаи барои таъмини оби ошомиданӣ ва васоили беҳдорӣ, масраф хоҳад шуд.
Дар баҳори соли ҷорӣ бар асари рониши замин ва ҷорӣ шудани селоб сокинони панҷ ноҳияи вилояти Хатлон, аз ҷумла Шӯрообод, Восеъ, Ҳамадонӣ, Қумсангир ва Кӯлоб хисороти сангинеро мутаҳаммил шуданд. Селоб биноҳои дабиристонҳо ва бунгоҳҳои пизишкии ин манотиқро низ вайрон кард.
Ин ҳаводиси табиъӣ талафоти ҷонӣ низ дар пай дошт ва 17 нафар аз сокинони ин навоҳӣ, ки аксари онҳоро кӯдакон ва навҷавонон буданд, ҷонҳои худро аз даст доданд. Садҳо сар аз ҳайвоноти аҳлӣ дар ин ҳаводис талаф шуда ва беш аз 100 ҳектор мазореъи кишоварзӣ комилан хароб шудааст.
Тибқи иттилоъи намояндагии созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон, ки аз манотиқи осебдида дидан карданд, манозили маскунии даҳҳо хонавода дар ин ҳодисаҳо комилан хароб шуда ва аъзои ин хонаводаҳо дар ҳоли ҳозир дар хаймаҳо ба сар мебаранд.
Тоҷикистон дар баробари ҳаводиси табиъӣ осебпазир аст ва ҳамасола дар ин кишвар резиши баҳман ва сел, заминларза ва рониши замин рух медиҳад ва ба иқтисоди мардум хисороти сангине ворид мекунад.
Кумисиюни Урупоӣ аз соли 1993 то ҳол маблағи 180 милюн юру кумакҳое ба Тоҷикистон ироа додааст.
