Давраи омӯзишӣ барои пизишкони кумакҳои фавриятӣ дар Тоҷикистон

  • 13 Май, 2014
Пизишкони тоҷикImage copyrightBBC World Service
Image caption Дар ин давра 20 нафар аз пизишкони дармонгоҳҳо ва бемористони шаҳри Душанбе ширкат доранд

Намояндагии Кумитеи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Тоҷикистон як давраи бозомӯзӣ барои пизишкони кумакҳои фавриятиро дар шаҳри Душанбе оғоз кардааст.

Тибқи иттилоъияи ин созмон, ки рӯзи сешанбеи 13 май пахш шуд, ин давраҳо то се рӯз идома хоҳад дошта ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъии Тоҷикистон доир мешаванд.

Ин нахустин бор аст, ки дар Тоҷикистон як давраи омӯзишӣ барои 20 нафар аз пизишкони кумаки фавриятӣ ё ёрии таъҷилӣ баргузор мешавад. Масъулони ин созмон ҳадаф аз баргузории ин давраро кумак ба “коҳиши маргу мир дар асари як осеби умда” унвон кардаанд.

Ҷулӣ Курӣ, намояндаи бахши беҳдошти Кумитеи Байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон, дар мавриди аҳдофи дигари ин давраи омӯзишӣ гуфт: "Ҳадаф аз ин омӯзиш афзоишу тақвияти дониш ва маҳорати мутахассисон аст, ки дар бахши кумакҳои фавриятии пизишкӣ кор мекунанд."

Яке аз масоили аслие, ки дар ҷараёни ин давра ба омӯзиши он таъкид шудааст, ироаи кумакҳои пизишкии фавриятӣ дар шароити майдонӣ ва берун аз муассисоти пизишкӣ будааст.

Ҳамчунин, мавзӯъи дигаре, ки барои пизишкони фаврият омӯзиши он муҳим хонда шуда, ироаи хадамоти беҳдоштӣ ба мардум ба ҳангоми авзоъи изтирорӣ буда ва пизишкони ширкаткунандаи ин давра аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол, масоили беҳдошт дар ҷаласаи дирӯзи шаҳрдории Душанбе низ матраҳ шудааст. Тибқи хабари дафтари матбӯъотии шаҳрдорӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдор, раҳбарони навоҳии мухталифи шаҳрро муваззаф карда, ки барои ҷилавгирӣ аз бурузи ҳар гуна бемориҳои мусрӣ тадобири заруриро андешанд.

Ҳамчунин, оқои Убайдуллоев аз масъулони поксозии зуболаҳои шаҳр тақозо карда, ки фановарии зарурӣ барои поксозии бамавқеъи ин зуболаҳоро фароҳам кунанд. Вай аз ниҳодҳои нозири шаҳр дархост карда, ки бар назофати макони зуболаҳо ба таври доимӣ назорат кунанд.

Шаҳрдори Душанбе аз сокинони шаҳр низ даъват карда, ки дар сурати пайдо кардани нуқсонҳое дар ин замина масъулони шаҳрдориро дар ин бора аз тариқи торнамои (сойти) шаҳрдорӣ мутталеъ созанд.

Дар ҳамин ҳол, масъулони Маркази беҳдории (санитарии) вазорати беҳдошти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар соли ҷорӣ дар ин кишвар шуюъи ҳеҷ гуна бемории мусрӣ сабт нашудааст. Ба гуфтаи як масъули ин марказ, шумори мубталоён ба бемории зардпарвин (ҳепотити "А") дар ин кишвар низ коҳиш ёфтааст.

Бар асоси гузоришҳои расмӣ, дар авохири соли гузашта дар саросари Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор нафар аз мубталоён ба бемории зардпарвин ё ҳепотити "А" сабт шуда буданд, ки ин рақам рӯ ба коҳиш аст.

Ҳамчунин, ба гуфтаи онҳо, вазъи саломати сокинони манотиқи мухталифи Тоҷикистон, ки дар он ҷоҳо тайи як моҳи ахир ҳаводиси табиъӣ, аз қабили сел ва рониши замин рух дод, таҳти назорати пизишкон қарор дорад ва бурузи бемориҳои мусрӣ дар ин манотиқ низ сабт нашудааст.

Матолиби муртабит