Нигаронии мақомоти беҳдоштӣ аз маргу мири модарон ба ҳангоми зоймон дар Хатлон
Image copyrightBBC World ServiceМасъулони бахши вазорати беҳдошти вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон, мегӯянд, ки аз аввали соли ҷорӣ 14 нафар аз занон ба ҳангоми зоймон ҷони худро аз даст додаанд.
Ба гуфтаи онҳо дар даврони мушобеҳ дар соли гузашта дар вилоят шаш нафар аз занон дар замони таваллуд ҷон додаанд.
Пизишкони занон мегӯянд, ки маргу мири занон бештар дар навоҳии Восеъ, Данғара, Қубодиён, Бохтар, Ховалинг, Қумсангир Панҷ, Темурмалик, Шаҳритус Ҷалолиддини Румӣ ва Носири Хусрав сабт шудааст.
Ба гуфати онҳо яке аз авомили аслии ҷон додани занон ба ҳангоми зоймон камхунӣ ва хастагии занон будааст.
Коршиносони арсаи беҳдошт мегӯянд, ки камбуди ғизои муқаввӣ ва носолим ба камхунӣ, камбуди оҳан, йуд ва витомин ва минеролҳои мухталиф, ки барои рушд ва нигаҳдории масунияти бадан муҳим ҳастанд, боъис мешавад.
Нигина Убайдуллоева, мудири шӯъбаи модару кӯдаки бахши вазорати беҳдошт дар Хатлон мегӯяд, ки афзун бар ин муассисоти тандурустии вилоят ва зоишгоҳҳо ба пизишкони мутахассиси занон ва момадоя ниёз доранд.
Ҳамчунин дар бархе аз манотиқи дуруфтодаи кӯҳистонӣ дар вилояти Хатлон, аксари сокинон дастрасӣ ба хадамоти беҳдоштиро надоштаанд. Аз ин рӯ ҷараёни ҳомилагии бисёре аз занон аз сӯйи пизишкон назорат намешавад.
Гуфта мешавад, беш аз 60 дарсади занони ҳомила то охирин давраи қабл аз зоймон дар мазореъи кишоварзӣ ва ё манозили маскунӣ бо фаъъолиятҳои сангине машғул ҳастанд, ки низ ба саломати онҳо таъсири манфӣ мегузорад.
Бар асоси иттилоъи расмӣ, дар зоҳишгоҳҳои вилояти Хатлон камбуди беш аз 20 нафар момадоя вуҷуд дорад. Ин дар ҳолест, ки шумораи занони ҳомила, ки дар ин вилоят феълан сабт шудааст, беш аз 80 ҳазору 800 нафар будаанд.
Хонуми Убайдуллоева гуфт, ки аз аввали соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон ҳудуди 100 нафар аз кӯдакони зери як сола бар асари бемориҳои мухталиф ҷонҳои худро аз даст додаанд.
Аммо ӯ мегӯяд, ки ин омор дар муқоиса ба соли даврони мушобеҳи соли 2013 коҳишро нишон медиҳад.
Аз сӯйи дигар пизишкони шӯъбаи модару кӯдак дар вилояти Хатлон аз он изҳори нигаронӣ мекунан, ки аксари занони ин вилоят бамаврид ба пизишкон аз ҳомила будани худ муроҷеъа намекунад.
Дар натиҷа пизишкон танҳо ба ҳангоми зоймон имкони ташхиси вазъи саломати чунин занҳоро доранд, вале дар сурати пайдо кардани навоқизе дар саломати занон ба ҳангоми таваллуд ҷараёни табобати онҳо бо мушкилот рӯбарӯ мешавад.
Мутахассисони арсаи беҳдошт мегӯянд, ки 40 дарсади занони қобили таваллуд дар вилояти Хатлон аз камхунӣ ранҷ мебаранд. Дар миёни заноне, ки фосилаи миёни ҳомилагиро риъоят намекунанд, аксаран оризаи раҳм доштаанд ва ҳамчунин ингуна занҳо аз бемории кулия (гурда) шикоят мекардаанд.
