Ҷаласаи ҳукумат: Интисоботи тоза, шаҳрсозӣ ва тахсиси замин барои сокинон
Дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъаи 28 март доир шуд, масоили кодрӣ, тасвиби бархе аз асноди ҳуқуқӣ ва пешниҳоди онҳо ба порлумон ва тавзеъи замин ба сокинон барарсӣ шудааст.
Ба гуфтаи манобеъи дафтари риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Бунафша ва Зулфия Одинаева мутаносибан ба муъовинати вазоратхонаҳои фарҳанг ва нақлиёт мансуб шудаанд.
Абдулҳаким Холов ба риёсати Ожонси таъмини иҷтимоъӣ, Раҳимҷон Саидов ба риёсати Идораи назорат бар вазъи маъориф, Раҳматулло Таваров ба риёсати Идораи назорат бар меъморӣ ва сохтмон, ва чанд наари дигар ба риёсати идораҳои зирабти вазорати беҳдошт мансуб шудаанд.
Ҳайъати кобине ҳамчунин истротежии муджирияти қарзии давлат барои солҳои 2015-2017 ва чанд санади марбут ба таҳсилот, шаҳрсозӣ ва таҷлил аз 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадониро тасвиб кардаанд.
Тарҳи қонун “Дар бораи бонкдории исломӣ”, пешнависи ислоҳот дар қонуни интихоботи порлумонӣ, қонун дар бораи созмонҳои иҷтимоъӣ ва қонун дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон низ пазируфта ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон ирсол шудааст.
Давлат ҳамчунин барои бунёди манзил барои сокинон, аз ҷумла муҳоҷирони дохилӣ, дар ноҳияи Хуросон, шаҳрҳои Ваҳдат ва Турсунзода беш аз 230 ҳектор қитъаи замин ихтисос додааст.
