Кумаки шаҳрдории Душанбе ба осебдидагони зилзила дар Ваҳдат

  • 6 Май, 2014

Шаҳрдории Душанбе барои осебдидагон аз зилзила дар ноҳияи Ваҳдат, воқеъ дар 30-килуметрии шарқи пойтахти Тоҷикистон, даҳ манзили маскунии ройгон бунёд кардааст.

Тибқи иттилоъияи дафтари матбӯъотии ин ниҳод, ки рӯзи сешанбеи 6 май пахш шуд, ин манозили маскунӣ барои даҳ хонаводаи сокини деҳистони (ҷамоъати деҳоти) мавсум ба “Карим Исмоъилов”-и ин ноҳия сохта шудаанд.

Дар бунёди манозили маскунӣ барои зарардидагони зилзилаи моҳи ноябри соли 2013 дар ноҳияи Ваҳдат, даҳ ширкати сохтмонӣ саҳм гирифтаанд. Ҳазинаи як манзил 216 ҳазор сомонӣ ё муъодили беш аз 40 ҳазор дулори омрикоӣ будааст.

Рӯзи 10 ноябри соли 2013 дар се рустои Истиқлолият, Арбобдара ва Найдараи ноҳияи Ваҳдат зилзилае ба шиддати 5.2 дараҷаи Риштер рух дод ва хисороти сангинеро ба ин рустоҳо ворид кард.

Тибқи гузоришҳои расмӣ, дар рустоҳои осебдида 103 манзили маскунӣ комилан хароб шуда ва беш аз 120 манзил хисороти ҷиддӣ дидаанд. Ин ҳодисаи табиъӣ талафоти ҷонӣ дар пай надошт, вале се сокини ин рустоҳо дар асари заминларза ҷароҳоти сангин бардошта буданд.