Кумаки Кумисиюни Урупо ба осебдидагони сел дар Тоҷикистон
Кумисиюни Урупо барои осебдидагони ҳаводиси табиъӣ дар Тоҷикистон беш аз 88 ҳазор юру ихтисос додааст.
Дар назар аст, ин маблағ барои панҷ ҳазор нафар аз сокиноне, ки бар асари ҷорӣ шудани селобҳо дар моҳи майи соли ҷорӣ хисорот дидаанд, масраф шавад.
Дар иттилоъияи дафтари Кумисиюни Урупо дар Тоҷикистон, ки рӯзи душанбеи 14 июл пахш шудааст, гуфта мешавад, ки ин маблағ бо дархости Федеротсиюни Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон тахсис шудааст.
Қарор аст, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ин маблағро барои харидории кӯрпа, пату ва ашёи дигари рӯзгор барои осбедидагони офати табиъӣ масраф кунад.
Дар баҳори соли ҷорӣ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон, ҳаводиси табиъӣ, аз қабили селоб ва лағзиши замин даҳҳо манзили маскуниро хароб кард.
Ҳамчунин, дар ин ҳаводис ба дабиристонҳо, мактаби ҳамагонӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ низ хисорот ворид шуд. Ин ҳаводиси табиъӣ талафоти ҷонӣ низ дар пай дошт ва тибқи гузоришҳои расмӣ ҳудуди 17 нафар аз сокинони умдатан вилояти Хатлон ҷонҳои худро аз даст доданд.
