Кумаки молӣ барои бозсозии системи обрасонии Хуҷанд

  • 16 Октябр, 2014

Бонки Таҷдиду Тавсеъаи Урупо (БТТУ) ва Дабирияти давлатии Суис дар бахши равобити иқтисодӣ (SECO) барои бозсозии системи обрасонии шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд беш аз 8 милюн дулор тахсис хоҳанд дод.

Дар ин замина дар шаҳри Душанбе Абдусалом Қурбонов, вазири молия, Раҷаббой Аҳмадзода, шаҳрдори Хуҷанд ва Ричард Ҷонс, раиси БТТУ санади ҳуқуқиеро имзо карданд.

Дар баёнияи БТТУ омадааст, дар пайи бозсозии системи обрасонӣ беш аз 15 ҳазор тан аз сокинони атрофи шаҳри Хуҷанд бо оби софи ошомиданӣ таъмин хоҳанд шуд.

Бонки Таҷдиду Тавсеъаи Урупо аз замони фаъолияташ дар Тоҷикистон беш аз 80 тарҳро сармоягузорӣ кардааст, ки ҳазинаи умумии онҳо 350 милюн юру будааст.