Сармоярезии БУБТ барои бозсозии системи обрасонии Хоруғ
Image copyrightBBC World ServiceМасъулони шаҳдории Хоруғ, маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ду даҳаи ахир сокинони ин шаҳр маҳдудияти дастрасӣ ба оби ошомиданӣ доранд.
Ба гуфтаи муъовини шаҳрдории ин шаҳр системи обрасонӣ ва фозилоби Хоруғ дар авоили солҳои 1960 қарни гузашта барои ҳудуди 13 ҳазор сокини он бунёд шуда буд.
Аммо тибқи омори расмӣ дар ҳоли ҳозир нуфуси ин шаҳр ба беш аз 26 ҳазор нафар расидааст.
Аз ин рӯ Ҷумъа Ҷумъаев, мегӯяд, ки таъмини об барои сокинони шаҳри Хоруғ дар авлавияти фаъъолияти шаҳрдорӣ қарор дорад.
Фозилоби куҳна ва фарсуда
Оқои Ҷумаъев афзуд, ки дар ҳоли ҳозир 60 дарсади сокинони ин шаҳр бо хутути обгузар таъмин шудаанд, аммо дастрасӣ ба оби ошомиданӣ дар аксари манотиқи шаҳр ба таври шабонарӯзӣ анҷом намегирад.
Ӯ мегӯяд: “Соли 2012 мо барои таъмини системи обгузаронӣ тарҳи вижаеро ба масъулони Бонки Урупоии Бозсозӣ ва Тавсеъа пешниҳод кардем ва ин тарҳ аз сӯйи онҳо ҳимоят шуд. Онҳо барои иҷрои ин тарҳи мо маблағи беш аз се милиюну 500 ҳазор дулорро ихтисос додаанд.”
Вай мегӯяд, ки марҳалаи аввали ин бозсозӣ амалӣ шуда ва ҳоло аз 17 килуметри лӯлаҳои обгузар ҳудуди ҳашт килуметри он кашида шудаанд.
Аммо ин масъули шаҳрдории Хоруғ мегӯяд, ки барои фаъъолияти лӯлаҳои обгузар бо кайфияти хуб зарур аст, ки системи фозилоби шаҳр низ комилан бозсозӣ шавад.
Оқои Ҷумаъев мегӯяд: "Мо лозим донистем, ки барои ин иқдом тарҳи ҷадидеро ба бонк пешниҳод кунем. Зеро дар сурати кори комили лӯлаҳои ҷадиди об, системи фозилоби куҳна ва фарсудаи шаҳр ҷавобгӯйи таъмини тахлияи оби истифодашуда нахоҳад буд.”
Ӯ мегӯяд, ки барои тафсияи оби истифодашуда, шаҳрдорӣ қитъаи заминеро ҷудо карда ва ҳоло ниёз ба сармоя барои роҳандозии тарҳи бозсозии фозилоби шаҳр вуҷуд дорад.
Ба гуфтаи оқои Ҷумаъев дар ҳоли ҳозир танҳо 40 дарсади сокинони маркази вилояти Бадахшон бо хатти фозилоб (канализация) таъмин будаанд. Аз ин рӯ ба гуфтаи вай бозсозии ин системи зарурӣ барои шаҳрнишинон низ яке аз барномаҳои бозсозии шаҳр будааст.
Которино Бюрлин Ҳонсен (Catarina Bjorlin Hansen) бонкдори бахши бозсозии шаҳрӣ ва зистмуҳитии Бонки Урупоии Бозсозӣ ва Тавсеъа мегӯяд, ки барои бозсозии системи обрасонии шаҳри Хоруғ ин бонк қаблан 2 милюн дулорро масраф кардааст.
Хонуми Ҳансен мегӯяд, ки ҳоло намояндагони чанде аз созмонҳои кумакрасон барои кумак ба бозсозии системҳои мухталифи шаҳрӣ ба вилояти Бадахшон сафар карданд, то бубинанд, ки фаъъоилят дар ин бахш то куҷо расидааст.
Ҳамчунин вай афзуд: "Дар маҷмӯъ барои бозсозии системи обрасонӣ дар ин шаҳр чаҳор милюн дулор масраф хоҳад шуд."
Ин масъули бонк мегӯяд, ки яке аз аҳдофи аслии сафари бонкдорон ба шаҳри Хоруғ ошноӣ бо тарҳҳои ҷадиди шаҳрдорӣ дар заминаи беҳбуди хадамоти иҷтимоъӣ барои сокинон будааст, то дар оянда ин бонк битавонад барои иҷрои ин тарҳҳо саҳим бошад.
Мушкили зуболагоҳҳо
Яке дигар аз тарҳҳое, ки масъулони шаҳрдории Хоруғ дар ҷараёни сафари намояндагони бонк муъаррифӣ кардаанд, тарҳи бунёди зуболагоҳҳо барои ин шаҳр буд.
Зуболагоҳҳои феълии ин шаҳр дар яке аз маконҳои зебоманзари шаҳр буда ва ин зуболагоҳ дар наздикии рӯдхонаи Панҷ дар минтақаи марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон воқеъ аст.
Тоҳир Абдолбеков, раиси ширкати хадамоти манзили шаҳри Хоруғ мегӯяд, ки ин зуболагоҳ ҳамакнун хусусӣ буда ва ҷавобгӯйи ниёзҳои шаҳр барои аз байн бурдани ошғол набудааст.
Ба гуфтаи вай афзун бар он дар се соли ахир зубола дар ин зуболагоҳ зиёд шуда ва имкон дорад, ки он ба муҳити атроф таъсири ногуворе бар ҷой гузорад.
Ӯ афзуд: "Масъулони шаҳрдорӣ панҷ ҳектор заминро барои макони коркарди зуболагоҳ ҷудо кардаанд. Дар сурати пайдо кардани ҳазинаи зарурӣ мо музояда эълом мекунем ва ширкати пирӯз ба сохтмони ин коргоҳи зуболагоҳ оғоз хоҳад кард.”
Оқои Абдолбеков мегӯяд, ки корхонаи коркарди зубола шаҳри Хоруғро аз мушкили баровардани бамавриди зубола аз қутиҳои зуболагоҳҳо берун хоҳад кашид.
Ин дар ҳолест, ки пизишкони амрози мусрӣ дар вилояти Бадахшон мегӯянд, ки яке аз мушкилоти аслии ба бемориҳои мусрӣ, аз ҷумла исҳоли хунӣ ва зарпарвин гирифтор шудани сокинон дар шаҳри Хоруғ бавижа кӯдакон набуди ситсеми мукамалли фозилоб ва ба маврид тахлия нашудани қуттиҳои зуболагоҳҳои шаҳр аз зубола будааст.
Намояндагони SECO ё бахши ҳамкорӣ ва тавсеъаи иқтисодии Суис барои ошноӣ бо ин тарҳ ва сармоягузорӣ ба он низ, рӯзи 21 октябр ба шаҳри Хоруғ рафта буданд.
Никул Зунер (Nicole Suhner), мудири барномаи ин созмон мегӯяд, ки ҳадафи аслӣ аз сармоягузорӣ ба ин тарҳ бастани ин зуболагоҳ ва ҷилавгирӣ аз ҷорӣ шудани обҳои касиф аз он ба табиъати атроф ба вижа рӯдхонаҳо будааст.
Хонуми Зунер мегӯяд: "Ҳамчунин дар чорчӯби ин тарҳ дар назар аст, ки бо таваҷҷуҳ ба имконот, коркарди ин зубола низ роҳандозӣ шавад. То бо роҳандозии ин тарҳ имкони ба даст овардаи сармоя аз коркарди он ба вуҷуд ояд."
Ҳарчанд масъулони шаҳрдорӣ қитъаи заминеро барои бунёди зуболагоҳи оянда интихоб карда буданд, аммо намояндагони созмони сармоягузор бо таваҷҷуҳ ба мавҷудияти хутути интиқоли барқ дар ин макон бо ин интихоб розӣ набудаанд.
Қарор аст, ки дар мавриди макони зуболагоҳи шаҳр дар оянда таҷдиди назар шавад ва ин созмон ҳазинаи лозимаро барои харидории таҷҳизоти вижа ихтисос диҳад.
Шаҳри Хоруғ, дар иртифоъи беш аз 2200 метр аз сатҳи дарё қарор дорад. Ин шаҳр дар заминаи як рустои кӯчак ба номи Хоруғ дар соҳили се рӯдхонаи Панҷ, Шоҳдара ва Ғунд ҳудуди 100 соле қабл бунёд ёфтааст.
Бонки Урупоии Бозсозӣ ва Тавсеъа ба системи энержии Бадахшон, аз ҷумла дар пардохти ёронаи (субсидия) барқ саҳим аст. Қарор аст, дар ояндаи наздик ин бонк ба бахшҳои дигари системи энержии ширкати "Помирэнержӣ" саҳм бигирад.
Ин бонк ҳамчунин барои бозсозии ситсеми обрасонӣ ва фозилоб дар шаҳри Хуҷанд маркази вилояти Суғд низ беш аз панҷ миллиюн дулор кумаки молӣ ироа додааст.
Бонки Урупоии Бозсозӣ ва Тавсеъа дар тӯли фаъъолияти худ дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 400 милюн дулор ба бахшҳои мухталифи иқтисоди ин кишвар сармоягузорӣ кардааст.
Бонки Урупоии Бозсозӣ ва Тавсеъа аз соли 1992 дар Тоҷикистон фаъъолияти худро оғоз кард, вале фаъъолияти расмии он дар ин кишвар дар соли 1997 сабт шуд. Ин бонк дар тӯлӣ беш аз 20 соли фаъъолият дар Тоҷикистон ба ин кишвар кумакҳо ироа карда ва барои беҳбуди фаъъолияти ширкатҳои мухталиф дар арсаҳои гуногун, аз ҷумла кишоварзӣ вомҳое тахсис додааст.
