Нерӯгоҳи Қайроққум бо кумаки Бонки Урупоӣ бозсозӣ мешавад
Image copyrightBBC World ServiceБонки Урупоии Бозсозӣ ва Тавсеъа (БУБТ) тасмим гирифтааст барои таҷдиду навсозии нерӯгоҳи Қайроққум дар шимоли Тоҷикистон 50 милюн дулор ихтисос бидиҳад.
Ин нерӯгоҳ, ки дар соли 1957 бунёд шуда ва барои беш аз 500 ҳазор хонавода дар вилояти Суғд нерӯи барқро таъмин мекунад, ба тармиму бозвсозии ҷиддӣ ниёз дорад.
Ҳазинаи умумии тарҳи бозсозии нерӯгоҳи Қайроққум 75,7 милюн дулори омрикоӣ буда, Барномаи мутобиқат бо тағйироти иқлимӣ ва Сандуқи сармоягузорӣ дар иқлим барои иҷрои ин тарҳ 10 милюн дулор вом ва 11 милюн дулор кумаки билоъивази молӣ ихтисос додаанд.
Ҳамчунин, давлатҳои Бритониё ва Утриш ва Сандуқи вижаи саҳомдорони БУБТ барои хадамоти машваратӣ ба миқдори 4,7 милюн дулор кумаки молӣ пешниҳод кардаанд.
Дар ин замина баъд аз зуҳри ҷумъаи 25 июл Абдусалом Қурбонов, вазири дороии Тоҷикистон, Раҳматзода Рустам Мирзо, раиси ширкати “Барқи тоҷик” ва Ойдо Сиддиқова, раиси бахши энержӣ ва захоири табиъии БУБТ дар Русия ва Осиёи Миёна санаде ҳуқуқиро имзо карданд.
Дар назар аст, ки дар марҳилаи аввали мудернсозии нерӯгоҳи Қайроққум ду чарха ё турбини ҷадид насб шавад, ки ин амр ба афзоиши тавлиди нерӯи барқ аз 126 меговоти феълӣ то 142 меговот кумак хоҳад кард.
Ҳамчунин, ин тарҳ сатҳи эминии нерӯгоҳро боло бурда ва ин нерӯгоҳ дар баробари авоқиби тағйироти иқлимӣ пойдор хоҳад шуд.
Дар ҷараёни иҷрои ин тарҳ ислоҳот дар бахши таърифаҳои нерӯи барқ дар мадди назар гирифта шуда ва ин иқдом барои беҳбуди ҷаззобияти тиҷорати бахши энержии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ шудааст.
Дар баёнияи дафтари Бонки Урупоии Бозсозӣ ва Тавсеъа дар Тоҷикистон аз қавли Ойдо Сиддиқова, раиси бахши энержӣ ва захоири табиъии ин бонк дар Русия ва Осиёи Миёна омадааст, ки иҷрои ин тарҳ ба тавсеъаи ҳамкориҳои ин бонк бо давлати Тоҷикистон ва ба беҳбуди таъмини барқ барои сокинони вилояти Суғд, бахусус дар фасли зимистон, мусоъидат хоҳад кард.
Нерӯгоҳҳои обии Тоҷикистон, ки 96 дарсади нерӯи барқи кишварро тавлид мекунанд, дар баробари тағйироти иқлимӣ, бахусус обшавии пиряхҳо ва борандагиҳои шадид, осебпазир маҳсуб мешаванд.
Бонки Урупоии Бозсозӣ ва Тавсеъа аз замони оғози фаъъолияташ дар Тоҷикистон дар авосити даҳаи 1990 то ҳол ба иқтисоди ин кишвар ҳудуди 400 милюн дулор сармоя ворид кардааст.
