Талошҳо барои эҳёи системи воҳиди энержӣ дар минтақа

  • 17 Июн, 2014
ХоҷаеваImage copyrightBBC World Service
Image caption Хонуми Хоҷаева гуфт, ки Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон қасд доранд системи воҳиди энержии Осиёи Миёнаро эҳё кунанд

Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон қасд доранд системи воҳиди энержии Осиёи Миёнаро эҳё кунанд.

Системи воҳиди энержӣ дар Осиёи Миёна дар замони шӯравии пешин ба манзури муттаҳидсозии шабакакҳои нерӯгоҳҳои обӣ ва ҳароратии кишварҳои минтақа ва ҳамоҳангсозии тақсими мунсифонаи нерӯи барқ миёни ин кишварҳо таъсис шуда буд.

Масалан, Тоҷикистон дар фасли тобистон ба Узбакистону Қазоқистон нерӯи барқ содир карда ва дар фасли зимистон ин миқдор нерӯи барқро аз ин кишварҳо ворид мекард.

Ӯғулой Хоҷаева, раиси бахши эҳё ва хусусисозии ширкати “Барқи тоҷик”, ки рӯзи сешанбеи 17 июн, дар ҳошияи кунферонси минтақаии “Табодули таҷруба дар ростои ҳамкориҳои энержӣ” бо хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт, ки феълан Узбакистон ва Туркманистон аз пайвастан ба ин систем худдорӣ кардаанд.

Хонуми Хоҷаева гуфт, ки дар пайи эҳдоси хутути интиқоли нерӯи барқ миёни Тоҷикистон ва Даткаи Қирғизистону Шимканди Қазоқистон Тоҷикистон метавонад бидуни истифода аз хутути интиқоли барқи Узбакистон ба Қирғизистон ва Қазоқистон нерӯи барқ содир ё аз он кишварҳо ворид кунад.

Аз ҷумла, дар тобистони соли ҷорӣ интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Қирғизистон шурӯъ шуда ва дар назар аст, ки дар соли ҷорӣ ба ин кишвар ба миқдори 600 милюн килувот/соъат нерӯи барқ содир шавад.

Ҳамчунин, Тоҷикистон тавассути хатти интиқоли нерӯи барқи “Сангтӯда-Пули Хумрӣ” ба манотиқи шимоли Афғонистон ба миқдори 800 милюн килувот/соъат нерӯи барқ интиқол хоҳад дод.

Гуфта мешавад, арзиши як килувот нерӯи барқ барои Қирғизистон 2 сент ва барои Афғонистон 3 сенти омрикоӣ муқаррар шудааст.

Ҳамзамон, Ӯғулой Хоҷаева таъкид кард, ки ба далели камбуди хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқ дар фасли тобистон дар Тоҷикистон ба миқдори 5 милёрд килувот/соъат нерӯи барқ талаф мешавад.

Ӯ ибрози умедворӣ кард, ки дар пайи бунёди хатти интиқоли нерӯи барқ аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон мавсум ба “CASA-1000” мушкили судури нерӯи барқи изофии Тоҷикистон ҳал шавад.

Дар ҳамин ҳол, Пӯлод Муҳиддинов, муъовини вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар кунферонси минтақаии “Табодули таҷруба дар ростои ҳамкориҳои энержӣ” гуфт, ки Тоҷикистон талош мекунад аз тариқи тармиму бозсозии нерӯгоҳҳои обӣ, хутути интиқоли барқ ва эҳдоси нерӯгоҳҳои ҳароратӣ бо истифода аз ангишт мушкили камбуди нерӯи барқ дар фасли сарморо ҳал кунад.

Гуфта мешавад Тоҷикистон дар шаш моҳи тирамоҳу зимистон ба ҳудуди 4 милёрд килувот/соъат нерӯи барқ ниёз дорад. Ба иллати камбуди нерӯи барқ беш аз 100 корхонаи санъатии кишвар бо тавоноии андак фаъъолият карда ва барои сокинони манотиқи рустоии Тоҷикистон ба сурати ҷирабандӣ ба муддати аз 6 то 8 соъат дар шабонарӯз нерӯи барқ дода мешавад.

Дар пайи шурӯъи бозрасии фаннӣ ва зистмуҳитии тарҳи нерӯгоҳи “Роғун” аз сӯйи коршиноосни Бонки Ҷаҳонӣ корҳои сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳ мутаваққиф шудааст.

Тоҷикистон интизор дорад, ки пас аз анҷоми бозрасии мустақилли ин тарҳи ҷанҷолбарангез ихтилофоташ бо Узбакистон дар заминаи иҷрои тарҳи нерӯгоҳи “Роғун” рафъ шавад.

Узбакистон, аз мухолифони сарсахти тарҳи нерӯгоҳи “Роғун”, муддаъӣ аст, ки бунёди ин нерӯгоҳ бо садде ба баландои 335 метр дар муҳити зисти Осиёи Миёна асароти номатлуб гузошта ва дастрасии сокинони минтақа ба обро маҳдуд созад. Аммо Тоҷикистон ин иддиъоро рад кардааст.

Давлати Тоҷикистон мегӯяд, барои ҳалли мушкили камбуди шадиди нерӯи барқ дар ин кишвар дар фаслҳои тирамоҳу зимистон аз манобеъи обии худ барои бунёди нерӯгоҳҳои обӣ истифода хоҳад кард, аммо ин иқдом ба ҳеч ваҷҳ дар манофеъи кишварҳои поёноби минтақа асаре нахоҳад гузошт.

Гуфта мешавад, бунёди нерӯгоҳи “Роғун” бо тавоноии 3600 меговот мушкили камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистонро ҳал карда, бо тавлиди нерӯи барқи арзон ба иқтисоди дохилӣ сабот бахшида ва ин кишвар ба як содиркунандаи умдаи энержӣ дар Осиёи Миёна мубаддал хоҳад шуд.

Матолиби муртабит