Барканориҳои тоза дар 'Барқи тоҷик': Оё масъала ҳал шудааст?

  • 5 Июл, 2014
барқImage copyrightBBC World Service
Image caption Бо вуҷуди тавсияҳои мукаррари созмонҳои молии ҷаҳонӣ барои таҷдиди сохтории "Барқи тоҷик" ин ширкат ҳамчунон арсаи энержиро дар инҳисори худ дорад

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Аслиддин Назарзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик”-ро аз симаташ барканор ва Рустам Раҳматзодаро ҷонишини ӯ кардааст.

Ҳамчунин, рӯзи шанбеи 5 июл ду муъовини раиси собиқи ширкати “Барқи тоҷик”, Мирзо Маҳмудзода ва Сулаймон Қоcим низ аз симатҳояшон барканор шуданд.

Рустам Раҳматзода, раиси ҷадиди ширкати “Барқи тоҷик”, то ин дам раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд буд. Гуфта мешавад, ки оқои Раҳимзода мутахассиси бахши иқтисод ва мудирияти давлатӣ мебошад.

Дар сойти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон омада, ки раҳбарони ширкати “Барқи тоҷик” ба далели "ба вазифаи дигар гузаштан" аз мақомҳои худ барканор шудаанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, оқои Раҳмон хостааст то раҳбарони ҷадид тамоми кормандони ширкати “Барқи тоҷик”-ро аз санҷиш гузаронда ва мутобиқи маҳорату малака ва дониш ба кор истихдом кунанд.

Соҳибназарон мегӯянд, ки яке аз мушкилоти аслии ширкати “Барқи тоҷик” ҷамъоварии маболиғи барқ аз муштариён аст, ки сол то сол бидеҳиҳои ин ширкатро дар назди тавлидкунандаҳои барқ бештар мекунад.

Ҳарчанд дар амокини пардохти пули барқ мардуми зиёде ҷамъ мешаванд ва ба назар мерасад, ки бештари мардум пули барқро бепардозанд, вале бо ин вуҷуд, масъулони ширкат ҳамвора аз ҷамъ нашудани пули барқ ба таври комил шиква мекунанд.

Оқои Раҳмон таъкид бар он мекунад, ки ҳолатҳои нодида гирифтан ва дуздии нерӯи барқ ва ҳазфи ҳисобҳои пули барқи баъзе масрафкунандагон аз сӯи кормандони “Барқи тоҷик” бояд таҳқиқ шавад.

Дар торнамои раисҷумҳур омадааст: "Дар робита ба беҳсозии ҳолати молиявии Ширкати саҳомии "Барқи тоҷик" таъкид гардид, ки таваҷҷуҳи махсус ба фаъъолияти роҳбарият ва кормандони риёсати фурӯши барқ зоҳир шавад, то ки ҳолатҳои номатлуб ба мисли азхудкунии ғайриқонунии маблағҳо, рӯйпӯш намудани дуздии муштариён, аз меъёр зиёд нишон додани талафоти фаннию тиҷории нерӯи барқ аз миён бардошта шавад."

Дар ҳамин ҳол, аз солҳо қабл созмонҳои молии байналмилалӣ пешниҳоди таҷдиди сохтории ширкати “Барқи тоҷик”-ро кардаанд, аммо ин ширкат ҳамчунон арсаи энержиро дар инҳисор (монополия)-и худ дорад.

Аз ҷумла Бонки Осиёии Тавсеъа ба давлати Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки барои дастёбӣ ба фаъолияти муассир дар арсаи энержии Тоҷикистон ширкати “Барқи тоҷик” бояд ба се ширкати мустақил ҷудо шавад.

Аммо то ҳол тасмими ниҳоӣ дар мавриди таҷдиди сохтории "Барқи тоҷик" гирифта нашудааст. Ҳарчанд раисону муъовинони ин ширкат тайи солҳои ахир ҳамвора барканор ва афроди дигар ҷойгузини онҳо шудаанд, вале дар фаъъолияти он ҳеч беҳбудие дида нашудааст.

Аз тавсияҳои дигари созмонҳои молии байналмилалӣ боло бурдани баҳои барқ ва ҳамоҳанг сохтани он бо нархи бозори ҷаҳонӣ ва лағви ҳама гуна имтиёзот дар заминаи пардохти пули барқ аст.

Аммо дар Тоҷикистон умдатарин имтиёзро дар заминаи пардохти пули барқ корхонаи олуминиюми Тоҷикистон, "Талко", дорад, ки бар хилофи корхонаҳои дигар ниме аз пули барқро мепардозад. Манобеъи огоҳ дар "Барқи тоҷик" мегӯянд, ки ин ширкат бештарин зиёнро аз ин бобат мутаҳаммил мешавад.

Корхонаи "Талко" таҳти кунтрули мустақими Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, аст, ки ба эътиқоди коршиносони умури иқтисодӣ, дар сурати лағви имтиёзот дар пардохти барқ барои он, ва бо таваҷҷуҳ ба пойин рафтани баҳои олуминиюм дар бозори ҷаҳонӣ, бо хатари ҷиддии варшикастагӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.

Дар чунин шароите, корхонаҳо ва муассисоти мухталифи дигари муртабит бо ин корхона ҳам, ки таҳти кунтрули бархе аз пайвандони раисҷумҳур, аз ҷумла Ҳасани Асадуллоҳзода, бародарзанаш, буда ва аз баҳрабардорони энержии арзон ба шумор меоянд, низ хисороти молии ҷиддӣ хоҳанд дид.

Мунтақидони давлати Тоҷикистон мегӯянд, то замоне ки корхонаҳо ва ширкатҳои бузурги ин кишвар аз инҳисор (монополия)-и давлат ё гурӯҳҳои наздик ба давлат хориҷ нашаванд, ин даври ботил идома хоҳад дошт ва фаъъолияти онҳо ғайришаффоф ва олуда ба фасод боқӣ хоҳанд монд.

Матолиби муртабит