Арзиши барқ дар Тоҷикистон аз моҳи оянда 15 дарсад гарон хоҳад шуд
Image copyrightGettyАз авоили моҳи оянда арзиши нерӯи барқ дар Тоҷикистон 15 дарсад боло хоҳад рафт.
Ин хабарро рӯзи чаҳоршанбеи 25-уми июн Ҷамолиддин Нуралиев, муъовини аввали вазири дороии Тоҷикистон, дар ҷаласаи Маҷлиси Намояндагони ин кишвар эълом кард.
Ба гуфтаи вай, ин амр ба вазъи бади молии ширкати “Барқи тоҷик” бастагӣ дорад. Вале оқои Нуралиев аз ироаи ҷузъиёти ин мавзӯъ худдорӣ кард. Ин дар ҳолест, ки аз соли 2011 то ҳол арзиши нерӯи барқ дар Тоҷикистон тағйир наёфтааст.
Феълан қимати як килувот/соъат нерӯи барқ дар Тоҷикистон барои сокинон 11 дирам аст. Ба ин тартиб, бо таваҷҷуҳ ба афзоиши 15-дарсадӣ баъд аз якуми июл арзиши як килувот/соъат нерӯи барқ беш аз 12 дирам хоҳад буд.
Ин дар ҳолест, ки тӯли чанд соли ахир ширкати “Барқи тоҷик” аз нерӯгоҳҳои “Сангтӯда-1” (моли давлати Русия) ва “Сангтӯда-2” (моли давлати Эрон) бидеҳкор аст ва дар мавриди бозпардохти ин бидеҳиҳо бо мушкилоти фаровоне рӯбарӯ мебошад.
Ба гуфтаи манобеъи огоҳ, ширкати “Барқи тоҷик” барои истифода аз нерӯи барқи тавлиди ин ду нерӯгоҳ ҳудуди 500 милюн сомонӣ бидеҳкор аст.
Аз сӯйи дигар, ин ширкат пайваста ба бозсозии хутути интиқоли нерӯи барқ ва истгоҳҳои барқӣ машғул буда ва ба ин манзур низ ба сармояи ҳангуфте ниёз дорад.
Дар ҷаласаи имрӯзи порлумон хабари боло бурдани арзиши нерӯи барқ дар ҳоле садо дод, ки аъзои порлумон мавзӯъи дарёфти сармоя аз Бонки Тавсеъаи Исломӣ барои бозсозии истгоҳи табдили барқи “Равшан” дар ғарби Тоҷикистонро баррасӣ мекарданд.
Бонки Тавсеъаи Исломӣ қарор аст барои иҷрои ин тарҳ 14,5 милюн дулор ихтисос бидиҳад. “Равшан” истгоҳи бузурги нерӯи барқ дар Тоҷикистон аст, ки нерӯи барқи тавлиди нерӯгоҳи "Норак"-ро танзим ва сипас ба муштариён тавзеъ мекунад.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки ҳарчанд болоравии арзиши нерӯи барқ чандон чашмрас нест, вале бо ин вуҷуд ин амр дар вазъи иқтисодии хонаводаҳо асароти номатлубе хоҳад гузошт.
Ба гуфтаи онҳо, дар фасли сармо сокинони Тоҷикистон ба далели надоштани гози табиъӣ водор мешаванд, ки манозили худро танҳо бо нерӯи барқ гарм кунанд.
Аз сӯйи дигар, набуди бозори тиҷорати нерӯи барқ дар минтақа арсаи энержии Тоҷикистонро бо хисороти молӣ мувоҷеҳ кардааст. Ҳамасола дар фасли тобистон нерӯгоҳҳои кишвар водор мешаванд, ки бахши аъзаме аз оби ба обанборҳо рехтаро бидуни тавлиди нерӯи барқ дубора ба рӯдхона бирезанд.
Ба ин манзур “Барқи тоҷик” ҳамасола имкони фурӯши нерӯи барқ ба хориҷи кишвар ба маблағи 120 милюн дулорро аз даст медиҳад. Масъулони “Барқи тоҷик” умедворанд, ки баъд аз иҷрои тарҳи интиқоли нерӯи барқи тавлиди Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон ин мушкил аз байн хоҳад рафт.
Тоҷикистон, ки аз захоири ғании энержии обӣ бархурдор аст, дар фасли сармо бо камбуди шадиди нерӯи барқ рӯбарӯ мешавад. Дар солҳои қаблӣ дар моҳҳои зимистон Тоҷикистон бахше аз мушкили камбуди нерӯи барқро тавассути воридот аз Узбакистон рафъ мекард.
Дар иваз Тоҷикистон дар фасли тобистон ба Узбакистон барқ содир мекард. Вале тӯли чанд соли ахир ин доду ситад аз байн рафтааст.
