"Кишварҳои собиқ Шӯравӣ ҳазинаҳои низомии худро бештар хоҳанд кард"
Image copyrightEBRDБонки Бозсозӣ ва Тавсеъаи Урупо (ББТУ) пешбинӣ карда, ки бӯҳрони Русия ва Укройн боиси сармоягузории бештари давлатҳои минтақа аз ҷумла Осиёи Миёна ба бахши низомӣ хоҳад шуд ва ин амр ба иқтисоди минтақа таъсири манфӣ хоҳад гузошт.
Ин матлаб дар як гузориши тозаи коршиносони ин бонк дар бораи таъсироти эҳтимолии бӯҳрони Укройн ва Русия ба иқтисоди кишварҳои собиқ шӯравӣ матраҳ шудааст.
Ин бонк чашмандозе ба раванди тавсеъаи иқтисодӣ дар кишварҳои ин минтақаро дар моҳи май интишор дода буд. Аммо акнун коршиносони бонк бо таваҷҷӯҳ ба бӯҳронои идомадор байни Русия ва Укройн бо таҳияи гузорише таҳти унвони "Бӯҳрони Русия/Укройн иқтисодҳои дар ҳоли тавсеъаро дар маърази хатар мегузорад" ба чашмандози моҳи майи худ таҷдиди назар карданд.
Аммо ин бонк меафзояд, ки "вазъи ҳассоси амниятӣ дар Укройн ҳама гуна пешгӯиҳоро ба сурати истисноӣ мубҳам кардааст." Вале ба навиштаи ин гузориш мусаллам ин аст ки "харҷи ҳазинаҳои болотар дар бахши низомӣ дар васати соли молӣ дар вокуниш ба таҳдидҳои ҷадиди жиупулитик метавонад, омили субот дар минтақаи пасошӯравиро фосид кунад."
Ерик Берглов, иқтисоддони аршади Бонки Тавсеъа ва Бозсозии Урупо гуфта: "Дар ҳоле, ки давлатҳо аз назари молӣ ҳанӯз ҳам бо бӯҳрони молии ҷаҳонӣ дасту панҷа нарм мекунанд, ҳар гуна маблағгузории нав дар бахши низомӣ садди роҳи беҳбуди иқтисодӣ дар оянда хоҳад шуд."
Вай меафзояд: "Ҳазфи омили субот ба насле, ки ба дунболи як ояндаи беҳтаре аст, зарбаи бештаре хоҳад зад."
Гузориши мазкур таъкид кардааст: "Амиқтар шудани кундии иқтисодӣ дар Русия таҳдидест бахусус ба кишварҳои Урупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Миёна, зеро ин кишварҳо ба сурати зиёд ба интиқоли пулӣ аз Русия вобастаанд."
Бонк гуфтааст, ки тавлиди нохолиси миллии Русия ба хотири таҳримҳо ба мизони 0.2 дарсад коҳиш пайдо карда ва ҳатто дар сурати бардошта шудани таҳримҳо иқтисоди ин кишвар барои барқарории тавлидоташ ба сатҳи қаблӣ ба вақти зиёде ниёз хоҳад дошт, "зеро фазои сармоягузорӣ ва иртибототи иқтисодиро бояд аз нав барқарор кунад".
Бонк навиштааст, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ интиқоли пулӣ аз Русия ба хориҷ аз ин кишвар тавассути муҳоҷирони корӣ барои нахустин бор дар панҷ соли ахир коҳиш ёфтааст ва "ин вазъ ба кишварҳои Осиёи Миёна ба вижа Тоҷикистон ва Қирғизистон таъсири амиқи манфӣ дорад."
Гузориш афзуда бештар аз ҳама дар ин замина Ӯзбакистон ва Мулдовӣ хисорот бардоштаанд.
Зимнан, Бонки марказии Русия ду рӯз қабл (16-умисентябр) хабар дод, ки мизони интиқоли пул аз ин кишвар ба Тоҷикистон дар соли ҷорӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 10 милюн дулор коҳиш ёфтааст.
Тибқи иттилоъи ин бонк аз аввали соли ҷорӣ ба ин сӯ аз Русия ба Тоҷикистон як милёрду 668 милюн дулор мунтақил шудааст. Иқтисоддонҳо мегӯянд, ки ин рақам муъодили 50 дарсади тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон буда ва барои таъмини саботи иҷтимоъӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ дар кишвар аҳаммияти боризе дорад.
Ин дар ҳолест, ки ҳамасола ҳудуди 1,5 милюн аз атбоъи Тоҷикистон барои ҷустуҷӯйи ҷойи кор ба Русия сафар мекунанд. Коршиносон мегӯянд, ҳамакнун таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия дар робита бо ҳаводиси Укройн ба коҳиши ҷойҳои корӣ бо ҳуқуқи муносиб барои муҳоҷирони корӣ мунҷар хоҳад шуд ва бисёре аз муҳоҷирони кории тоҷик барои худ дар Русия кор пайдо нахоҳанд кард.
