Суис ба таҳримҳои Иттиҳодияи Урупо алайҳи Русия пайваст

  • 27 Август, 2014
Image caption Таҳримҳои Суис панҷ бонки Русияро шомил мешавад

Давлати Суис эълом кардааст, ки алайҳи панҷ бонки Русия, 11 шахсияти физикӣ ва бахшҳое аз саноеъи истихроҷи нафту гози Русия таҳрим вазъ мекунад.

Бадин тартиб давлати Суис ба таҳримҳои Иттиҳодияи Урупо алайҳи Русия мепайвандад.

Дар баёнияи Шурои федероли Суис (ҳукумати федероли Суис) омаддаст, ки бо назардошти таҳаввулти Укройн тасмим гирифта шуд, иқдомоти изофие ба манзури ҷилавгирӣ аз давр задани таҳримҳои байналмилалӣ анҷом шавад.

Пеш аз ин давр задани бархе аз таҳримҳои Иттиҳодияи Урупо алайҳи Русия бо анҷоми фаъъолиятҳое дар қалаврави Суис ба осонӣ имконпазир буд. Таҳримҳои тозаи Суис қарор аст ба имкони давр задани таҳримҳои Иттиҳодияи Урупо поён диҳад.

Тибқи ин таҳримҳо қарор аст панҷ бонки Русия барои истифода аз васоили молии баландмуддат дар қаламрави Суис бояд иҷоза дарёфт кунанд.

Намояндагиҳои ин бонкҳо дар Суис метавонанд бидуни иҷозаи махсус фаъъолият кунанд, аммо барои анҷоми дастуроти мушаххаси дафтари марказии худ бояд иҷоза бигиранд. Чунин низом мутобиқ бо таҳримҳои Иттиҳодияи Урупо аст.

Ба феҳристи афроде, ки таҳти таҳримҳои Суис қарор мегиранд, асомии 11 нафари дигар изофа шудааст.

Давлати Суис ҳамчунин содироти васоили низомӣ ва васоили ғайринизомии қобили истифода дар бахши низомиро ба Русия мамнуъ мекунад. Ҳамчунин Суис воридоти васоили низомӣ аз Русия ва Укройнро шомили таҳрим кардааст.

Бо вазъи ин таҳримҳо содироти фановариҳои истихроҷи нафт дар дарё ва Қутби Шимол аз қаламрави Суис ба Русия низ танҳо бо касби иҷозаи махсус метавонад сурат бигирад.

Давлати Суис бори дигар таъкид кардааст, ки илҳоқи Криме тавассути Русияро намепазирад ва онро нақзи қонуни байналмилалӣ медонад. Ба ҳамин далел Суис содироти ҳама гуна мавод ва фановариро, ки метавонанд барои истихроҷи нафт ва гоз дар Криме ва Севоступул мавриди истифода қарор гиранд, мамнуъ кардааст.

Матолиби муртабит