Абдуллозода: 'Ҳаводиси Хоруғ дар сафари ҷаҳонгардон ба Бадахшон таъсире нагузошта'

  • 10 Июл, 2014
Адҳам АбдуллозодаImage copyrightBBC World Service
Image caption Адҳам Абдуллозода иддиъо дорад, ки ҷаҳонгардон ба Тоҷикистон ба далели баргузории мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонӣ дар Брозил камтар омадаанд

'Нооромиҳои ахир дар шаҳри Хоруғ, маркази устони Бадахшон, дар сафари ҷаҳонгардони хориҷӣ ба ин минтақа таъсире нагузоштааст.'

Ин суханонро Адҳам Абдуллозода, раиси Кумитеи умури ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардии Тоҷикистон, рӯзи 10-уми июли соли ҷорӣ дар нишасте матбӯъотӣ эрод кард.

Вале оқои Абдуллозода ҳозир нашуд омори дақиқе дар бораи ҷаҳонгардони хориҷие, ки дар ду моҳи ахир аз Бадахшон дидан кардаанд ва теъдоди онҳое, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ба ин минтақаи Тоҷикистон сафар карда буданд, ироа бидиҳад. Вай омори дақиқе дар бораи теъдоди ҷаҳонгардони хориҷие, ки аз аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон сафар кардаанд, низ ироа накард.

Вай, ки баъд аз истихдом ба ин симат бори нахуст дар баробари хабарнигорон суҳбат мекард, иддиъо дошт, ки мушкили дарёфти иҷозаи сафар ба Бадахшон барои атбоъи хориҷӣ ҳал шуда ва ҳамакнун дар ин замина ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад.

Вай афзуд: "Аслан, вазъ дар Бадахшон комилан ором аст ва ҳаводиси гузашта ҳеҷ таъсире дар сафари хориҷиҳо ба ин минтақа ва дар умум, ба Тоҷикистон нагузоштааст. Дарёфти иҷозаи вуруд ба Бадахшон қаблан ҳалли худро ёфта буд ва ҳоло дар ин замина ҳеҷ маҳдудияте вуҷуд надорад."

Адҳам Абдуллозода афзуд, ки ба далели баргузории мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонии футбол ҳоло ҳамаи кишварҳои ҷаҳон бо камбуди ҷаҳонгардон рӯбарӯ шудаанд ва Тоҷикистон низ дар ин маврид истисно нест.

Ин дар ҳолест, ки масъулони бархе аз ширкатҳои ҷаҳонгардии Тоҷикистон иддиъо доранд, ки ҳаводиси ахири Хоруғ ва маҳдудиятҳо дар заминаи дарёфти иҷозаи сафар ба Бадахшон мунҷар ба ин шуда, ки ин ширкатҳо муштариёни худро аз даст бидиҳанд ва бо хатари муфлисшавӣ рӯбарӯ шаванд.

Вале оқои Абдуллозода чунин иддиъоро бепоя хонда ва изҳор дошт, ки атбоъи хориҷӣ метавонанд визои Тоҷикистонро дар фурӯдгоҳи Душанбе ба даст оварда ва бидуни маҳдудият ба Бадахшон сафар кунанд.

Аммо бархе аз кормандони созмонҳои байналмилалӣ ахиран дар суҳбат бо Би-би-сӣ изҳор доштанд, ки баъд аз ҳаводиси ахир дар Хоруғ онҳо наметавонанд иҷозаи сафар ба Бадахшонро дарёфт кунанд.

Нооромиҳои ахир дар Хоруғ рӯзи 21-уми моҳи май дар пайи як амалиёти вижаи пулис барои боздошти афроди муттаҳам ба қочоқи маводди мухаддир рух дод, ки аз ҳар ду ҷониб кушта ва захмиҳое бар ҷой гузошт.

Дар пайи ин амалиёт теъдоде аз сокинони шаҳри Хоруғ гирдиҳам омада ва бархе аз сохтмонҳои ниҳодҳои интизомӣ ва додситониро оташ заданд. Сипас, давлати Тоҷикистон ва ҷомеъаи мадании Бадахшон ба тавофуқ расиданд, ки ин ҳаводис аз сӯйи кумисиюни муштараке мавриди таҳқиқ қарор гирад.

Бадахшон бо таваҷҷуҳ ба кӯҳсори сарбафалаккашидаи помир, яхчолҳои табиъии ҳазоронсола, табиъати зебо, рӯдхонаҳои сероб ва ҷонварону гиёҳони нодираш ва фарҳангу суннатҳои хосси мардуми маҳаллӣ яке аз умдатарин макони гардишгарӣ ва сафари ҷаҳонгардони хориҷӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Аммо ба гуфтаи манобеъи маҳаллӣ, нооромиҳои тайи ду соли ахир дар вазъияти ҷаҳонгардӣ дар ин минтақа асароте барҷо гузоштааст. Ин нооромиҳо аз замони амалиёти маргбори нерӯҳои давлатӣ дар 24 июли 2012, ки беш аз 40 кушта барҷо гузошт, гоҳу ногоҳ буруз кардааст.

Матолиби муртабит