Дархости намояндагони ҷомеъаи мадании Бадахшон аз Раҳмон
Image copyrightBBC World ServiceНамояндагони ҷомеъаи маданӣ дар кумисиюни вижаи муштарак барои арзёбии нооромиҳои 21-24 май дар шаҳри Хоруғ аз вазъияти буҳронӣ дар кори ин кумисиюн хабар додаанд.
Ин намояндагон бо интишори як баёния аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дархости мудохила дар кори ин кумисиюн барои рафъи ин буҳронро кардаанд.
Дар ин баёния, ки рӯзи панҷшанбеи 3 июл дастраси расонаҳо шуд, омада, ки бо гузашти як моҳ аз таъсиси ин кумисиюн, намояндагони давлатӣ ҳеҷ як аз нукоти созишномаро иҷро накардаанд.
Афзун бар ин, ба нивиштаи онҳо, намояндагони давлат дар ин кумисиюн ба таври якҷониба ба таҳқиқи қазия даст зада ва тавофуқоти катбӣ ва хаттии миёни ҷонибҳоро нақз мекунанд.
Ҳамчунин, ба гуфтаи намояндагони ҷомеъаи маданӣ, намояндагони давлат ба манзури паст задани эътибори намояндагони ҷомеъаи маданӣ онҳоро бо ҳар баҳонае аз фаъъолият дар ин кумисиюн барканор мекунанд.
Дар баёния омадааст, ки бо гузашти ҳудуди як моҳ аз таъсиси ин кумисиюн намояндагони давлат ба пайдо кардани муттаҳамони воқеъаи шилики гулӯла ба сокинони шаҳри Хоруғ иқдом накардаанд. Ин омил баёнгари он аст, ки намояндагони давлат барои қатли ин афрод намехоҳанд касеро муҷозот кунанд.
Аз сӯйи дигар, онҳо бештар фаъъолияти худро ба пайдо кардани афроди мазнун дар оташ задани биноҳои давлатӣ дар шаҳри Хоруғ басиҷ кардаанд. Аз ин рӯ, намояндагони ҷомеъаи маданӣ бозрасӣ ва муҷозоти як ҷониби нооромиҳо дар шаҳри Хоруғро ғайримантиқӣ медонанд.
Ин намояндагон мегӯянд, ки аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зомини иҷрои Қонуни асосии кишвар аст, дархости мудохила дар ин буҳронро мекунанд. Буҳроне, ки паёмадҳои нохуби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоъиро ба дунбол дошта ва метавонад ба амният ва саботи Тоҷикистон латма вориид кунад.
Дар баёния омадааст, дар сурате ки дар идомаи кори кумисиюни муштарак низ намояндагони давлат аз манофеъи давлат ва сокинони ин кишвар сарфи назар кунанд, намояндагони ҷомеъаи маданӣ, ки нуҳ нафаранд, маҷбур ҳастанд, аз ин кумисиюн хориҷ шаванд.
Рӯзи 31 майи соли равон намояндагони давлат ва ҷомеъаи маданӣ дар шаҳри Хоруғ, маркази устони Бадахшон, прутукуле дар бораи фароянди ҳалли буҳрони амниятии ахир дар маркази ин вилоят имзо карданд. Яке аз нукоти ин прутукул "маҳрамона" будани муҳтавои он буд.
Яке дигар аз нукоти ин прутукул барканории раисони пулиси Бадахшон ва шаҳри Хоруғ ва бознигарӣ дар фаъъолияти мақомҳои амниятӣ ва додситонии вилоят ва шаҳр буд.
Дар он замон намояндагони ҷомеъаи маданӣ ва муътаризони майдони марказии шаҳри Хоруғ нуҳ дархости аслии худро ба давлат барои ҳалли ҳалли мусолиматомези буҳрони амниятӣ дар шаҳри Хоруғ пешниҳод карданд, ки давлат ҳафт тақозои ононро пазируфта буд.
Кумисиюни муштараке, ки шомили намояндагони давлат ва ҷомеъаи маданӣ буд, ба арзёбии нооромиҳои 21-24 май дар шаҳри Хоруғ, ки дастикам панҷ кушта бар ҷо гузошт, оғоз карда буд. Шеръалӣ Хайруллоев, ёвари амниятии раисҷумҳур ва вазири дифоъи собиқ, раҳбарии ин кумисиюнро ба дӯш гирифт.
Дар нооромиҳои 21 то 24 май дар шаҳри Хоруғ дастикам панҷ нафар, аз ҷумла ду маъмури пулис, кушта шуданд ва ин ҳаводис хисороти молӣ низ барҷо гузоштааст.
Ин ҳаводис рӯзи 21 май ба дунболи даргирие мусаллаҳона байни маъмурони пулис ва афроди муттаҳам ба қочоқи маводди мухаддир дар маҳалле пурҷамъият дар шаҳри Хоруғ рух дод. Пас аз ин даргирӣ ҷамъи касире аз ҷавонони маҳаллӣ сохтмонҳои идораи пулис, додситонӣ ва додгоҳи вилоятиро ба оташ кашиданд.
