Алим Шерзамонов аз Бадахшон 'мамнӯъулхуруҷ' шуд

  • 25 Июн, 2014
Алим ШерзамоновImage copyrightBBC World Service
Image caption Алим Шерзамонов узви кумисиюни таҳқиқи ҳаводиси ахир дар шаҳри Хоруғ мебошад

Ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон бо гирифтани таъаҳҳуд аз Алим Шерзамонов, як фаъъоли сиёсии мухолифи давлат, берун рафтани ӯ аз Бадахшонро мамнӯъ кардаанд.

Ин хабарро оқои Шерзамонов рӯзи чаҳоршанбеи 25-уми июн дар суҳбат бо Би-би-сӣ таъйид кард ва гуфт, ки ӯ ҳамакнун наметавонад қаламрави устони Бадахшонро тарк кунад.

Вай гуфт: "Шоми дирӯз маъмурони амниятӣ маро барои бозпурсӣ ба сохтмони додситонии вилоят даъват карданд ва хостанд, ки ман санадеро дар бораи манъи хуруҷ аз қаламрави вилоят имзо кунам. Ман ин корро иҷро кардам."

Дар посух ба ин суол, ки дар ин суҳбат маъмурони амниятӣ дар бораи чӣ мавзӯъоте бо вай суҳбат доштанд, оқои Шерзамонов гуфт, муваззаф шудааст, ки ҷузъиёти ин суҳбатро ошкор насозад: "Агар ин корро кунам, пас маро метавонанд ба нақзи қонун муттаҳам кунанд."

Вай афзуд: "Аслан маро ҳамчун шоҳид даъват карда буданд, вале эҳсос мекунам, ки мехоҳанд маро гунаҳгор созанд. Ва барои бори аввал аст, ки нисбат ба шоҳиди ҳодиса чунин маҳдудиятҳое роҳандозӣ мекунанд."

Тибқи муқаррароти қавонини Тоҷикистон ниҳодхои интизомӣ ҳақ доранд рафту омади афроди шоҳид ва ё муттаҳамро маҳдуд созанд. Аз ҷумла онҳо метавонанд берун рафтан аз маҳалли зисти доимӣ ва ё аз маҳалли анҷоми бозҷӯиро мамнӯъ кунанд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо, дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ин салоҳият танҳо ба уҳдаи додгоҳ аст ва ниҳодҳои интизомию амниятӣ бидуни дастури додгоҳ ҳаққи маҳдуд сохтани рафтуомади шоҳидон ё муттаҳамонро надоранд.

Ҳафтаи гузашта Алим Шерзамонов изҳор дошта буд, ки агар фишорҳои мақомот алайҳи вай ва ҷонибдоронаш идома ёбад, ӯ дар бораи тарки ватан кардан тасмим хоҳад гирифт.

Ҳамакнун рӯшан шуда, ки ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ аз чунин иқдоми вай ҷилавгирӣ кардаанд. Бархе аз ҳуқуқдонҳо бо таваҷҷуҳ ба мамнӯъулхуруҷ шудани оқои Шерзамонов мегӯянд, ки мақомоти интизомӣ эҳтимолан алайҳи ӯ парванда боз кардаанд.

Исми Алим Шерзамонов дар моҳи гузашта дар пайи эътирозҳои мардумӣ ба амалиёти маргбори пулис дар шаҳри Хоруғ ба унвони раҳбари муътаризон сари забонҳо уфтод.

Ин эътирозот пас аз замоне рух дод, ки маъмурони пулис дар амалиёте вижа барои боздошти афроди муттаҳам ба қочоқи маводи мухаддир дар маркази шаҳр тирандозӣ карданд.

Дар вокуниш ба ин, гурӯҳе аз сокинони маркази вилояти Бадахшон дар маркази шаҳри Хоруғ даст ба эътирозоти умумӣ заданд ва чанде аз сохтмонҳои давлатӣ ба оташ кашида шуданд. Дар ҷараёни амалити пулис ва ҳаводиси баъд аз он дастикам панҷ нафар кушта шуданд.

Дертар оқои Шерзамонов раҳбарии муътаризон дар шаҳри Хоруғро бар дӯш гирифт.

Ҳафтаи гузашта ниҳодҳои амниятӣ аз боздошти Александр Содиқов, пажӯҳишгари ҷавон, хабар доданд. Оқои Содиқов ҳангоме боздошт шуд, ки дар яке аз поркҳои шаҳри Хоруғ бо Алим Шерзамонов суҳбат мекард. Мақомот оқои Содиқовро ба "ҷосусӣ ва хиёнат ба ватан" муттаҳам кардаанд.

Феълан оқои Содиқов дар боздоштгоҳи Кумитеи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба сар мебарад. Суфарои Омрико ва Бритониё, масъулони донишгоҳҳои Турунтуи Конодо ва Эксетери Бритониё ва ҳудуди чаҳор ҳазор нафар аз донишмандони ҷаҳон хостори раҳоии сареъи оқои Содиқов шудаанд.

Онҳо мегӯянд, ки Александр Содиқов дар бораи роҳҳои рафъи мунозеъот пажӯҳиш анҷом медод ва ҳадаф аз дидораш бо Алим Шерзамонов мусоҳиба дар бораи нақши ҷомеъаи маданӣ дар ҳалли низоъҳо дар Бадахшони Тоҷикистон будааст.

Шабакаҳои телевизиюнии Тоҷикистон низ видеуеро ба намоиш гузоштанд, ки дар он Александр Содиқов таъйид мекунад, ки бо Алим Шерзамонов танҳо дар бораи ин мавзӯъ суҳбат кардааст.

Ҳуқуқдонҳо ва соҳибназарон мегӯянд, ки агар иттиҳомоти ворида алайҳи Александр Содиқов дар додгоҳ таъйид шавад, имкон дорад ӯ ба муддати то бист сол равонаи зиндон шавад.

Матолиби муртабит