Имомбердиев: Дар нооромии Хоруғ ниҳодҳои интизомӣ низ 'бегуноҳ нестанд'
Image copyrightBBC World ServiceШаҳрдори Хоруғ, маркази вилояти кӯҳистонии худмухтори Бадахшон, гуфта, ки ниҳодҳои интизомию амниятӣ низ дар бурузи нооромиҳои охири моҳи май дар ин шаҳр "бегуноҳ нестанд."
Фаромуз Имомбердиев дар ин бора дар мақолае зери унвони “Ту ваҳдат аз дили бекина омӯз...”, ки рӯзи 24 июл дар нашрияи порлумонии “Садои мардум” мунташир шуд, ибрози назарк ардааст.
Мақолаи ӯ посухест ба мақолае зери унвони "Тақдири Хоруғ – дар дасти ҷинояткорон", ки пештар дар ҳамин нашрия муаллифе бо номи мустаъори М. Шерзамонов интишор дода буд.
Оқои Имомбердиев бо ишора ба ин дар мақолаи худ нахуст нивиштааст, ки дар "ҷустуҷӯи муаллиф уфтода, дарк намудам, ки ном якеву насаб дигар аст." Ба ин далел, бештар ба нивиштаҳои вай посух додааст.
Вай аз ҷумла менивисад: "Албатта, дар рух додани қазияи моҳи майи соли равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чандон бегуноҳ нестанд. Онҳо то андозае бесалоҳиятии худро нишон доданд. Набояд дар рӯзи равшан, дар маркази шаҳр, дар байни издиҳоми мардум амалиёти боздоштро пиёда мекарданд."
Оқои Имомбердиев меафзояд: "Ин амали онҳо (ниҳодҳои интизомӣ) бо фоҷиъа анҷом пазируфт ва осиёби сиёсатмадорони ба ном “ватанхоҳ”-ро дар гардиш овард. Онҳо зуд лаҷоми вазъиятро ба даст гирифтанд ва мардумро, махсусан ҷавонон ва наврасонро, ба майдон кашиданд."
Ин барои бори нахуст аст, ки як мақоми давлатӣ дар Бадахшон дар хушунатҳои моҳи майи соли ҷорӣ ниҳодҳои интизомию амниятии Тоҷикистонро муқассир медонад. Ҳарчанд Шералӣ Хайруллоев, ёвари амниятии раисҷумҳур, низ ду моҳ қабл изҳор дошта буд, ки фаъъолияти ниҳодҳои интизомӣ чандон муассир набудааст.
Дар идомаи мақолаи худ шаҳрдори Хоруғ аз дастовардҳои даврони истиқлоли Тоҷикистон дар маркази вилояти Бадахшон ёдовар шуда ва иддиъо карда, ки пуштибонии сокинон аз сиёсати давлати Тоҷикистон буд, ки "мардум дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ба пуштибонии Президент Раҳмон 98,6 дарсад раъй додаанд."
Фаромуз Имомбердиев навиштааст: "Мардуми шарифи шаҳри Хоруғ медонанд, ки маҳз матонат, ҷасорат, шуҷоъат ва ватандӯстии сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мардуми тоҷик сарҷамъ шуд, ба хонадонамон сулҳ омад... Мо бояд чун сарвари оқилу доноямон дили саршор аз муҳаббати ватану бекинае дошта бошем..."
Дар матлаби "Тақдири Хоруғ – дар дасти ҷинояткорон", ки рӯзи 8 июл, тақрибан ду ҳафта пеш аз мақолаи оқои Имомбердиев дар нашрияи порлумонӣ мунташир шуд, муаллиф хостори аз миён бурдани афроди ба нивиштаи ӯ ҷинояткор дар Хоруғ шуда ва менивисад,ки "...мори афъӣ ҳатман бояд то охир саркуфта бошад..."
Аммо шаҳрдори Хоруғ дар посух ба ин менивисад: "Аҷабо, чӣ нияте дошта бошад муаллиф? Шояд ба сохторҳои қудратӣ дастур доданӣ аст, ки дар баробари мор морона рафтор бояд кард?! Пас, тақдири занону кӯдакон, ки ба қавли муаллиф, ҷинояткорон, дар зери домон ва шонаҳои заъифи онҳо паноҳ шудаанд, чӣ мешавад?"
Таҳлилгарон мегӯянд, ки ин суханони оқои Имомбердиев мухолифати ӯро бо ҳама гуна амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ, ки мумкин аст мардуми ғайринизомӣ дар он осеб бинанд, басароҳат нишон медиҳад.
Ду сол пеш (24 июли 2012) чунин як амалиёти низомии густарда, ки нерӯҳои амниятӣ, пулис ва низомиёни тоҷик дар шаҳри Хоруғ, маркази Бадахшон, анҷом доданд, беш аз чиҳил нафар кушта барҷо гузошт. Ба гуфтаи манобеъи маҳаллӣ, наздик ба ниме аз қурбониёни ин амалиёт ғайринизомиён буданд.
Дар матлаби "Тақдири Хоруғ - дар дасти ҷинояткорон" муаллиф ҳамчунин менивисад: "Баъди соли 1992 шаҳри Хоруғ ба гурӯҳу гурӯҳчаҳои олами ҷиноят тақсим шуд ва ҳар кӯчае пешво ва фармонравои худро дошт: Геси Боло, Бархоруғ, Мясокомбинат, УПД, Шошхоруғ, Хичордев ва ғайра…"
Дар посух ба ин оқои Имомбердиев нивишта: "Наход муаллиф надонад, ки инҳо маҳаллаҳои шаҳранд... ва набояд фаромӯш сохт, ки маҳз дар ҳамин маҳаллаҳо родмардони Ватан, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, Сайфулло Абдуллоев, Кирмоншои Хубоншо, Тилло Пӯлодӣ, Иброҳим Исмоилов, Қамарабдол Шабдолов, Қонун Қирғизбеков, Маҳмадато Иҷубов, шоирони халқ Мирсаид Миршакаров, Ширин Бунёд ва дигар фарзандони содиқи Ватан боли парвоз кушодаанд."
Вазъият дар шаҳри Хоруғ, маркази устони Бадахшон, дар авохири моҳи майи имсол ноором шуд. Амалиёти нерӯҳои пулис барои боздошти афроди мазнун дар қочоқи маводди мухаддир, ки рӯзи 21 май дар яке аз маҳаллоти марказии шаҳри Хоруғ бо тирандозӣ анҷом шуд, ба норизоятии густардаи сокинон доман зад.
Дар вокуниш ба ин амалиёт шумори зиёде аз ҷавонони маҳаллӣ дар маркази Хоруғ гирдиҳам омада ва сохтмонҳои пулис, додситонӣ ва додгоҳи маҳаллиро оташ заданд. Дертар ҳамлае мусаллаҳона ба сохтмони идораи амнияти маҳаллӣ низ сурат гирифт.
Дар ҷараёни ин нооромиҳо дастикам панҷ нафар, аз ҷумла ду маъмури пулис, кушта шуданд. Давлати Тоҷикистон барои таҳқиқи ин ҳаводис кумиссиюни вижае ба раҳбарии Шералӣ Хайруллоев, ёвари амниятии раисҷумҳур, таъсис дод, ки намояндагони ҷомеъаи мадании Бадахшонро низ дар бар дорад.
Ин кумисиюн ҳанӯз ҳеч гузорише аз натоиҷи фаъъолияти худ интишор надодааст.
