Ёдбуди қурбониёни амалиёти маргбори 2012 дар Хоруғ
Image copyrightBBC World ServiceСубҳи 24 июл бисёре аз сокинони шаҳри Хоруғ барои гиромидошти хотираи қурбониёни амалиёти низомие, ки ду сол пеш дар ин шаҳр рух дод, ба қабристонҳо рафта ва дуъо хондаанд.
Ба гуфтаи як сокини ин шаҳр, ки нахост номаш ифшо шавад, издиҳоми зиёде аз сокинони Хоруғ субҳи зуд дар қабристонҳо ба назар мерасиданд ва дуъохонӣ дар сари хоки қурбониёни амалиёти низомӣ то дервақт мушоҳида шудааст.
Ин сокини шаҳри Хоруғ рӯзи панҷшанбеи 24 июл дар суҳбате телефунӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки маросими ёдбуди қурбониён шоми имрӯз дар манозили иддае аз сокинон бо додани оши ифтор ба поён хоҳад расид.
Бештари қурбониёни амалиёти низомӣ дар шаҳри Хоруғ, ки рӯзи 24 июли 2012 дар ин шаҳр оғоз анҷом шуд, аз маҳаллаи мавсум ба УПД-и ин шаҳр буданд. Иддае аз корбарони Фесбук низ бо ёдоварӣ аз амалиёти ду сол, ки беш аз чиҳил кушта дар Хоруғ барҷо гузошт, ёди қурбониёни ин амалиётро гиромӣ доштаанд.
Бархе аз корбарон дар Фейсбук аксҳоеро аз оташсӯзӣ дар шаҳри Хоруғ гузошта ва нивиштаанд, ки “солҳо мегузаранд, вале дар чашм ашк ва дилҳо ба ёди шумо ранҷур мемонад.”
'Амалиёти дур аз мантиқ'
Бархе аз коршиносон мегӯянд, ки амалиёти низомии нерӯҳои давлатӣ дар шаҳри Хоруғ барои сокинони ин шаҳр ва вилояти Бадахшон воқеъае фаромӯшношуданӣ хоҳад монд.
Ба гуфтаи онҳо, ин амалиёт рӯйи саломати равонии бисёре аз сокинони ин шаҳр, бавижа ҷавонон ва кӯдакон, асароти манфие бар ҷой гузошта ва паёмадҳои иҷтимоъии он низ қобили таваҷҷуҳ аст.
Ин дар ҳолест, ки бо гузашти ду сол аз ин воқеъа то ҳанӯз таҳқиқоти фарогиру мустақил ва мунсифонае дар бораи ин ҳодиса анҷом нашуда ва омилони он ифшо нашудааст, ҳарчанд бархе аз созмонҳои ғайридавлатӣ мутолеъоти маҳдуде дар бораи он анҷом додаанд.
Саймиддин Дӯстов, коршиноси масоили сиёсӣ, мегӯяд, ки давлат ин амалиёти худро як иқдоми дуруст мешуморад ва аз ин рӯ, ҳеч таҳқиқоте дар бораи ин амалиёт то замоне ки нухбагони ҳоким дар сари қудрат ҳастанд, анҷом нахоҳад шуд.
Вай афзуд: "Амалиёти ду соли пеш аслан як амалиёти тарҳрезӣ шуда буд, ки дар амалӣ кардани он бошаҳои ҷангии ҳукумати феълӣ даст доштанд ва онҳо аслан афсарони русгаро дар давлат ҳастанд, ки танҳо ба зӯр такя мекунанд."
Оқои Дӯстов мегӯяд, ки ин афсарон раҳбари давлатро мутақоъид кардаанд, ки дар ду се соъат "масъалаи Хоруғро ҳаллу фасл" хоҳанд кард.
Вай афзуд: "Ҳамин буд, ки ин афрод ин амалиётро анҷом доданд ва афроди бегуноҳ кушта шуданд. Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар сатҳи Шӯрои амният ин масъаларо баррасӣ карда ва барои пиёда кардани ин амалиёт мусаввабае қабул карда буд ва масъулияти ин тасмимро бар дӯш дорад, худро то ҳол ҳақ мепиндорад."
Ба гуфтаи оқои Дӯстов, ҳеҷ ниёзе ба таҳқиқи ин воқеъа ва ҳодисоти дигари мушобеҳ ба онро, ки дар 20 соли ахир рух додаанд, намебинад. Ин коршиноси масоили сиёсӣ ҳамчунин мегӯяд, ки таъсири ин воқеъа барои солиёни зиёде дар минтақа эҳсос хоҳад шуд.
Вай бо ишора ба воқеъаи дигари тирандозӣ дар шаҳри Хоруғ, ки дар охири моҳи майи соли ҷорӣ рух дод, афзуд: "Ҳамаи ин натиҷаи бардоштҳои нодуруст ва андешидани чораҳои ғайриқонунӣ ва дур аз мантиқ буд ва хоҳад монд. Таъсири онҳо дар Бадахшон куллан манфӣ буда ва эътимоди 99 дарсади сокинони ин минтақаро ба ҳукумати феълӣ аз миён бурдааст."
Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи бархе аз манобеъи маҳаллӣ, давлати Тоҷикистон ба ҷуз аз муҷозоти чанде аз сокинони шаҳри Хоруғ, муқассирони воқеъии амалиёти ба гуфтаи иддае аз ҳуқуқдонҳо шитобзадаро, ки мунҷар ба кушта шудани беш аз 40 нафар аз ду тараф шуд, муҷозот накардааст.
Давлати Тоҷикистон ҳанӯз ҳеч вокунише ба маросими ёдбуди қурбониёни амалиёти Хоруғ накардааст. Аммо мақомҳои интизомӣ ва амниятӣ дар гузашта ҳамвора таъкид кардаанд, ки амалиёти низомӣ дар Хоруғ барои поксозии ин шаҳр аз афроди ба гуфтаи онҳо ҷинояткор сурат гирифтааст.
Бисёре аз сокинони ин шаҳр мегӯянд, ки хешовандонашон, аз ҷумла кӯдакон, дар ин амалиёт ҷароҳат бардошта буданд ва давлат то ҳол ба пардохти ғаромат ба ин афрод иқдоме накардааст.
Амалиёти Хоруғ соъати чаҳори субҳи рӯзи 24 июли соли 2012 оғоз шуд. Дар рӯзи ин амалиёт ҳама гуна иртибот бо Бадахшон қатъ шуд. Мақомот гуфтанд, ки ин амалиёт ба манзури боздошт ва муҷозоти афроди мазнун дар қатли женерол Абдулло Назаров сурат гирифтааст.
Женерол Назаров, ки он замон риёсати бахши амният дар Бадахшонро ба уҳда дошт, рӯзи 21 июли 2012 дар ҳаволии шаҳри Хоруғ кушта шуд. Ба гуфтаи шоҳидон, дар амалиёти Хоруғ нерӯҳои давлатӣ аз аслиҳаи сангин истифода кардаанд. Аз он замон то кунун мавориди ноамнӣ дар ин минтақа мушоҳида шудааст.
