Женерол Абдулло Навҷувонов, раиси идораи пулиси Бадахшон таъин шуд
Абдулло Навҷувонов, женероли 49 сола рӯзи сешанбе 22 июл зимни таъиноти ҷадиди кодрии раиси ҷумҳури Тоҷикистон кафили Раёсати корҳои дохилии вилояти мухтори Бадахшон таъин шуд.
Дар ҳамин ҳол оқои Навҷувонов симати муъовини вазири умури дохилии Тоҷикистонро, ки то ҳол бар ӯҳда дорад, ҳифз карда ва ҳануз фармони барканорӣ аз ин симатро дарёфт накардааст.
Дар бораи таъин шудани женерол Навҷувонов ба мақоми сардори раёсати корҳои дохилии Бадахшон Шералӣ Хайруллоев, ёвари раиси ҷумҳур дар умури амният, дар ҷаласае, ки торихи 21 июл дар Раёсати умури дохилии Бадахшон баргузор шуд, эълон кардааст.
Ин иттилоъро як тан аз кормандони раёсати умури дохилаи вилояти Бадахшон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, таъид карда гуфт ки дируз дар толори Раёсати умури дохилии Бадахшон сардори ҷадиди раёсати умури дохилаи Бадахшонро муъарифӣ кардаанд.
Оқои Навҷувонов аз авоили солҳои 90-уми қарни гузашта дар системи умури дохилии кишвар дар манотиқи мухталиф кору фаъолит доштааст.
Файзулло Нозимов, собиқи сардори Раёсати умури дохилии Бадахшон пас аз нооромиҳои 21 то 24 моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ аз мақомаш барканор шуд.
Ин дар ҳолест, ки дар ҷараёни ин норомиҳо, ки намояндаҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар музокирот бо ниҳодҳои ҳукуматӣ буданд ва аз вазъ дар торихи 21 – 24 май дар Бадахшон, ҳар кадоме баёнот медоданд оқои Нозимов, ба баҳонаи рухсатии меҳнатӣ аз қаламрави вилоят берун рафта дигар барнагашта.
Яке аз хостаҳои эътирозгарон дар шаҳри Хоруғ барканории раҳбарони як қатор идораҳо мисли идораи амнияти миллӣ, раиси додситонии шаҳри Хоруғу ва додстони вилояти Бадахшон ва дигар мақомоти қудратӣ дар вилояти Бадахшон буд.
