'Дастрасии 90 дарсади' мардуми Бадахшон ба хадамоти 'Мегофун'

  • 24 Июл, 2014

Ширкати "Мегофун" мегӯяд, ки 90 дарсад аз мардуми устони кӯҳистонии худмухтори Бадахшон, дар шарқи Тоҷикистон, ба хадамоти иртиботии ин ширкат дастрасӣ пайдо кардаанд

Ин ширкат рӯзи панҷшанбеи 24 июл бо судури баёнияе гуфт: "Дар натиҷаи насби онтенҳои Би-ти-эси насли дувуму севум дар манотиқи дуруфтодаи Бадахшон, дастрасии 90 дарсади сокинон ба хадамоти иртиботи овоӣ ва интернет аз тариқи телефуни ҳамроҳ дар ин ширкат фароҳам шуд."

Дар шаш моҳи гузашта ин ширкат дар рустоҳои Роштқалъа, Ямчун, Зинг, Хостав, Зиғар панҷ онтени Би-ти-эси насли дувум ва дар навоҳии Шуғнону Роштқалъа ду онтени Би-ти-эси насли севумро насб кардааст.

Андрей Шишковский, мудири омили ширкати "Мегофуни Тоҷикистон", мегӯяд: "Иртибот бо телефуни ҳамроҳ барои сокинони рустоҳои дуруфтода аз шаҳр танҳо василаи пайванду гуфтугӯ бо ҷаҳон аст. Тавсеъаи шабакаи телефуни ҳамроҳ дар ноҳияҳое мисли Роштқалъа, ки қаблан иртибот бо телефуни ҳамроҳ аслан вуҷуд надошт, мӯҷиб шуд, ки мардум акнун аз хадамоти иртиботи овоӣ баҳравар шаванд."

Ин ширкат иддиъо дорад, ки онтенҳои Би-ти-эси ҷадиди насбшуда дар Бадахшон шароити иртибот бо телефуни ҳамроҳро дар беш аз 50 русто фароҳам кардааст. Суръати интернет низ дар ин манотиқ якуним баробар афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи манобеъи ширкати "Мегофун", ин ширкат дар Бадахшон беш аз сад онтени Би-ти-эс насли дувуму севум дорад. Тайи ду соли ахир шумори муштариконаш якуним баробар афзоиш ёфтааст. Бо ин ҳол, бисёре аз мардуми маҳаллӣ аз кайфияти бади иртиботот ва суръати пойини интернет шиква мекунанд.