Мушкилоти интиқоли маводу коло ба далели садамаи пул дар роҳи Душанбе-Хоруғ

  • 11 Август, 2014
Комюнҳои борбарImage copyrightBBC World Service
Image caption Ба гуфтаи як масъули вазорат, ҳамлу нақли аз меъёр зиёди бор тавассути комюнҳои борбар мунҷар ба харобии қисматҳое аз роҳҳо дар ин кишвар шудааст.

Тибқи иттилоъи ғайрирасмӣ ба сабаби садамавӣ шудани яке аз пулҳои иртиботӣ бар фарози рӯдхонаи Ванҷоб дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ, ҳаракати комюнҳои борбар дар ин роҳ бо душвориҳо рӯбарӯ шудааст.

Ба гуфтаи иддае аз ронандагон ва мусофироне, ки феълан аз Душанбе ба шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон сафар карданд, дар қисмати ин роҳ дар ноҳияи Ванҷ шумори зиёде аз комюнҳои борбар дар ду ҷониби пул гир кардаанд.

Гулноз, яке аз сокинони шаҳри Хоруғ мегӯяд, ки ҳаракати мошинҳо аз пули иртиботӣ дар ноҳияи Ванҷ ба сабаи садамавӣ будани он бо навбат анҷом мегирифт. Вай афзуд, ки шумори бештари комюнҳое, ки аз шаҳри Душанбе ба сӯйи Хоруғ равона буданд, дар қисмати ин роҳ дар ҳоли таваққуф ба назар мерасиданд.

Аммо Гулноз афзуд: "Мо, ки савори худрави мусофирбар будем ба осонӣ аз пули иртиботӣ дар ноҳияи Ванҷ убур кардем, аммо комюнҳо бештарашон аз як то чанд рӯз дар ду сӯйи роҳ мунтазир монда буданд."

Ин дар ҳолест, ки иддае аз сокинони шаҳри Хоруғ мегӯянд, ки таъхири интиқоли маводди ғазоӣ аз шаҳри Душанбе ба маркази вилоят ба далели мушкили убури комюнҳо аз ин пул, мӯҷиби боло рафтани қимати маводди ғазоӣ дар ин шаҳр шудааст.

Тазарф, яке дигар аз сокинони шаҳри Хоруғ, рӯзи душанбеи 11 август дар суҳбат ба Би-би-сӣ гуфт: "Қимати як килугром помидор (гувҷафарҳангӣ), даҳ понздаҳ рӯз қабл 4 сомонӣ буд ва ҳоло қимати он ду баробар афзоиш ёфтааст. Қимати бархе аз сабзиҷот ва мева низ боло рафтааст."

Сафо, сокини дигаре дар суҳбати телефунӣ мегӯяд, ки ҳамчунин болоравии қимати орд низ дар бозорҳои шаҳри Хоруғ мушоҳида шудааст.

Шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ, танҳо роҳи иртиботие аст, ки шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистонро ба маркази вилояти Бадахшони ин кишвар васл мекунад ва маъмулан тоҷирон бо истифода аз ин роҳ маводди аввалия ва колои мухталифро ба вилоят интиқол медиҳанд.

Ба гуфтаи шоҳидонӣ айнӣ ҳамчунин миқдори зиёди комюнҳо, ки аз Чин ба Тоҷикистон маводу коло интиқол медиҳанд, дар самти дигари ин пул гир кардаанд.

Гуфта мешавад, ки бархе аз тоҷирон, ки ба Бадахшон маводди ғазоӣ интиқол медиҳанд ва аз Чин маводу коло ба Тоҷикистон ворид мекунанд, аз гир шудани комюнҳои борбар дар ин қисмати роҳ хисороти молӣ дидаанд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулони Вазорати роҳутаробарии Тоҷикистон, пул бар фарози рӯдхонае дар ноҳияи Ванҷ ҳануз дар даврони Шӯравӣ бунёд шуда ва ҳоло қарор аст, ки дар ин қисмати роҳ пули ҷадиде сохта шавад.

Шералӣ Ганҷалов, муъовини аввали вазири роҳу таробарии Тоҷикистон дар суҳбат ба Би-би-сӣ садамавӣ будани пул дар ин қисмати роҳро тайид кард, аммо ӯ мегӯяд, ки ҳамарӯза шуморе аз комюнҳои борбар ба навбат аз ин пул убур мекунанд.

Оқои Ганҷалов иттилоъ дар мавриди гир кардани шумори зиёде аз комюнҳои борбар дар ин қисмати роҳро бепоя хонд.

Ӯ афзуд: "Ҳамарӯза ба навбат аз ду сӯйи роҳ мошинҳои борбар иҷозаи убур аз ин купрукро доранд. Аммо ба сабаби садамавӣ будани он куллия мошинҳо ҳамзамон наметавонанд аз он гузар кунанд."

Оқои Ганҷалов мегӯяд, ки ин пул қудрати убури комюнҳои то 30 тунн вазнро дорад, аммо ӯ афзуд: "Мутаассифона бисёре аз мошинҳо, ки зарфияти 30 туннро доранд, аз меъёр зиёд мавод интиқол медиҳанд. Ба ин сабаб ин пул садамавӣ шудаст."

Ҳамчунин ба гуфтаи ин масъули вазорат, ҳамлу нақли аз меъёр зиёди бор тавассути комюнҳои борбар мунҷар ба харобии қисматҳое аз роҳҳо дар ин кишвар шудааст.

Ҳарчанд оқои Ганҷалов мегӯяд, ки онҳо назорат бар ҳамлу нақли коло ва мавод дар роҳҳои ин кишварро назорат мекунанд. Аз ин рӯ ӯ мегӯяд, ки дар фасли гармо ҳамлу нақли комюнҳо дар роҳҳои ин кишвар танҳо баъд аз зӯҳр иҷоза дода шудааст.

Масъулони Вазорати роҳу таробарии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар бораи бунёди пули чадиде дар ноҳияи Ванҷ бо ширкати чинии мавсум ба "Чайнороуд" тавафуқ кардаанд ва ҳазинаи ин тарҳ беш аз се милюну 500 ҳазор дулорро ташкил медиҳанд.

Матолиби муртабит